Дар як сатр
» » Дастоварди бузурги миллат

Дастоварди бузурги миллат

25-06-2018, 08:29

Сулҳ, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, ҳамдилӣ барои мардуми кишвар азизу муқаддас аст.  Дар ибтидои солҳои 90-уми асри  ХХ мардуми мо аз чандин санҷишҳо  гузаштанд. Ёди он солҳо имрӯз ҳам касро  мушаввашхотир месозад. Зеро дар он солҳои пурошӯб бо гуноҳи гурӯҳе аз мансабталошону ҳокимиятхоҳон дар сарзамини осоиштаи Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад. Бадхоҳон  мардумро ба ду гурӯҳ тақсим намуда, гӯё барои адолат, ҳақиқат мубориза мебурда бошанд.

Имрӯз ҳам насли калонсол он рӯзҳои даҳшатборро нағз дар хотир доранд. Дар пеши чашми ҳамагон деҳаҳои сабзу  хуррам, водиҳои обод, дашту даманҳои зебо ба харобазор табдил ёфт. Собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, ки  диёри биҳиштосоро мемонд, аз дасти нопоки манфиатҷӯёну мансабталабон  валангору сокинонаш парешон гаштанд, қалби бинандаро ба дард меовард.

Ана, дар ҳамин лаҳзаҳо  мардуми ҳайратзада  якдигарро суолборон мекарданд:

-Ин чӣ даҳшат, ин чӣ ҳоли зорест, оё  соҳиб, ҳокимият дорем ё не?

-Бори аввал чунин даҳшат,  хорию  зориро дида истодаем. Кӣ пеши роҳи ин хунрезӣ ва вайронкориҳоро мегирифта бошад?

-Агар давлат, ҳокимият, мақомоти қудратӣ фаъолият мекарданд, мо ба ин рӯзҳои сахт намерасидем. «Поёни шаби сиёҳ сафед аст»-гуфтаанд.

Ана дар ҳамин лаҳзаҳо муждаи нек кишвари харобгаштаро фаро гирифт.  16 нояб-ри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин хабари хуш рӯҳафтодагонро рӯҳбаланд намуд. Охирин умеди онҳо натиҷаи  ҳамин иҷлосия буд. Ҳар як фарди кишвар медонист, ки тақдири давлату миллат дар дасти вакилони мардумӣ мебошад. Онҳо аз вакилони худ танҳо сулҳу салоҳро мехостанд.

Вожаи сулҳ вирди забони ҳамагон буд. Ҷанг қариб тамоми минтақаҳои кишварро фаро гирифта, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва ғайраҳо фаъолият намекарданд, одамон низ бе ҷойи кор монда, ба мушкилоти зиёде зиндагии хешро таъмин менамуданд. Аз ҳамин сабаб, ба унвони иҷлосия мактубу барқияҳо фиристода хоҳиш доштанд, ки барои хотима бахшидан ба амалиёти ҳарбӣ чораҳои мушаххас андешанд. Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд. Силсилаи қонун ва қарорҳое, ки ҷиҳати ба маҳалҳои зисти доимии худ баргардондани гурезаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид ва бехатар барои зиндагии онҳо андешида шуданд, натиҷаҳои хуб доданд.

Беш аз як миллион нафар фирориён бо кумаки давлат ва мақомоти маҳаллӣ ба ҷойҳои муқимии худ баргашта, аз пайи кору зиндагӣ шуданд.  Бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳудуди собиқ вилояти Қӯрғонтеппа  беш аз 24 ҳазор хонаҳои харобгашта  барқарор гардида, аз нав ба соҳибони аслиашон  баргардонида шуд. Аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беш аз  49 ҳазор нафар гурезаҳо ба ватан баргаштанд.

Мардуми фирорӣ ба суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар намуда, бо дили гарм аз пайи корҳои созандагиву ободонӣ шуданд. Маҳаллаҳои аз ҷанг харобгашта бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз нав барқарор ва барои меҳнату истироҳати шаҳрвандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини бехатарии гурезаҳои бозгашта  тамоми тадбирҳои қонуниро андешида,  дар ин ҷода муваффақ ҳам шуданд.

Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи фархундаву тақдирсоз- 27 июни соли 1997-ро фаромӯш намекунанд.  Дар ин санаи муборак ва сулҳовар дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия аз ҷониби роҳбарони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, бо  ҳамин сулҳ дар кишвари тозабунёди мо барқарор гардид. Ҳар сол мардуми Тоҷикистон  Рӯзи ваҳдати миллиро ботантана қайд карда, аз бахти баланди худ меболанд.

Ёдовар мешавем, ки сулҳи деринтизор ва нодири тоҷикон маҳз ба туфайли ташаббусу кӯшишҳои зиёди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҳар гоҳ ки калимаҳои ваҳдат ва сулҳро ба забон мегирем,  меҳнати пурсамар, ранҷу заҳматҳои боровари Сарвари давлат пеши назар ҷилвагар  мешавад. Мардуми олам имрӯз аз таҷрибаи сулҳофарии мо дар кишварҳои худ истифода мебаранд.

Мо-тоҷикон аз қадимулайём  озодихоҳу сулҳпарварем  ва имрӯз мардуми кишвар аз дилу ҷон сулҳу осоишро ҷонибдорӣ карда, кӯшиш менамоянд, ки онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.  Баъзе  нотавонбинон аз хориҷи кишвар ба пастзанию маломат, сиёҳкунии саҳифаҳои таърихи дурахшони миллати мо даст задаанд.  Намакзадаҳо! Ин ашхоси ношукр чунин унвон додан беҳтар аст.

Мо-мардуми саодатманди кишвар ба қадри озодӣ, сулҳу ваҳдат, рӯзҳои неки осоишта мерасем ва намегузорем, ки ҳаёти шоистаи моро  касе халалдор кунад. Як маротиба лаҳзаҳои сахти ҳаётро дар солҳои ноороми аз сар гузаронидем ва  аз Худо илтиҷо дорем, дигар чунин рӯзҳои мудҳишро ба сари мо наорад.  Барои ҳаёти хушбахтона, хушу хурраму, зебо  мубориза бурда, беҳтару хубтар зиндагӣ менамоем. Мо ба имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистон боварӣ дошта, бо кори шоиста, меҳнати арзанда ҳаёти кишварамонро боз ҳам  беҳтару хубтар менамоем.  Тоҷикистон ватани мост ва мо аз он ифтихор дорем.

 

Иброҳим НУСРАТЗОДА,

прокурори шаҳри Бохтар


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
Об - сарчашмаи ҳаёт

Об - сарчашмаи ҳаёт

Номаҳои Шумо
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ