Дар як сатр
» » 102 баҳори Ҳаитбибӣ

102 баҳори Ҳаитбибӣ

9-03-2015, 19:26

102 баҳори ҲаитбибӣФасли баҳор бо накҳату тароваташ ба чашмон нуру ба дилҳо сурур мебахшид. Ва дар ин рӯзҳои офтобӣ хурсандии Ҳаитбибии хурдакак ҳадду канор надошт. Зеро модари меҳрубонаш он рӯз чун ҳадяи наврӯзӣ барояш куртаи шоҳии бо дастони худаш дӯхташударо тақдим кард. Ӯ мехост ин шодиёнаро ба ҳамсолону дугонаҳояш бирасонад. Фикр кард, ки агар куртаи навашро пӯшида, ба хонаи ҳамсолонаш равад, он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки мақсади Ҳаитбибӣ на бозӣ, балки ба ҳамсолон намоиш додани либос аст.

Дере нагузашта ба дасташ сатил гирифту баҳонаи об оварданро кард. Ҳамин хел «элак баҳонаю дидор ғанимат» гуфтагӣ барин, то шом гоҳ бозӣ мекарду гоҳ аз ҳунари дарздӯзии модараш боифтихор ҳарф мезад. Ҳамсолонаш ҳам бо ҳавас ба ӯ менигаристанд, зеро дар он солҳо на ҳама имконияти ба бар кардани куртаи шоҳиро доштанд...

Инак, бо гузашти солҳо ҳамон духтараки шӯху чаққон Ҳаитбибӣ Ғоибова бо обрӯ ба пиронсолӣ расидаю дар Рӯзи Модар 102-юмин зодрӯзи хешро дар ҳалқаи пайвандон таҷлил менамояд. Мавсуф 8 марти соли 1913 чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳангоме ки ба синни 18 мерасад, ӯро ба шавҳар медиҳанд.

Зиндагӣ бо маҷрои худ равон буд. Ҳаитбибӣ дарси зиндагӣ меомӯхт. Дарси ҷасорат, устуворӣ, сабру таҳаммул, тоқатпазирӣ. Зеро марг шавҳарашро бармаҳал бо худ бурдаву ӯро ҳамроҳи 5 фарзандаш дар чорсӯи зиндагӣ бе муттако монд. Акнун ӯ тани танҳо сарпаноҳи фарзандони ятимаш шуда монд. Бо душворӣ бошад ҳам, ҷигарбандонашро ба камол расонид.

- Ҳангоме ки 100 сол дошт, бе монеа роҳ гаштаву бо наздиконаш суҳбат мекард, - мегӯяд духтари 80-солааш Муродбибӣ Нормуродова.

Имрӯз ин қаҳрамонмодар ва бонуи табаррук 48 набераю беш аз 150 абера дошта, дар шаҳраки Шаҳритуc зиндагии хушбахтона ба сар мебарад ва шукронаи диёри ободу роҳбари ғамхори халқу миллати азизаш Эмомалӣ Раҳмон мекунад ва ба ҳамдиёрон, хоса ба модарон, бахту иқболи нек таманно менамояд.

Фарзандон Муродбибӣ, Саидбибӣ, Норҷамол ва Шодӣ момои Ҳаитбибиро бо оғози фасли баҳор, рӯзи зодрӯз ва Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, барояш саодати зиндагиро орзу менамоянд.

Мо ҳам ба ин шодбош ҳамовозӣ намуда, ба соҳибҷашн бо забони шоир чунин таманно дорем:

Ҷуз ин дуот нагӯем, ки Рӯдакӣ гуфта:
«Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!»


102 баҳори ҲаитбибӣШоҳида НАСРУЛЛОЕВА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Наврӯз- оғози баракати сол

Наврӯз- оғози баракати сол

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Аёдати пирони барҷомонда савоб аст

Аёдати пирони барҷомонда савоб аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД , ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД , ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо