Дар як сатр
» » Тоҷикон сулҳи бесобиқа доранд

Тоҷикон сулҳи бесобиқа доранд

25-06-2018, 08:24

«Ҳодисаи фараҳбахше, ки миллати тоҷик, ҳамаи тоҷикистониён ва дӯстони дуру наздики мо ҳангоми имзои ҳуҷҷати таърихӣ – Созишномаи умумӣ аз сар гузарониданд, моҳиятан як давраи томи таърихро дар худ таҷассум менамояд.

Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид.

Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз фирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷой гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад…

Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».

Аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 27 июни соли 1997

 

«Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа, қобили омӯзиш ва истифода мебошад».

Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли СММ

 

«Тоҷикистон дар солҳои 90-уми қарни ХХ, дар ибтидои ба даст овардани истиқлолият гирифтори низои шаҳрвандӣ гардид. Ин кишвар танҳо ба шарофати хиради роҳбарони сиёсӣ ва таҳаммули мардум мухолифатро аз байн бурда, ба ҷомеаи байналмилалӣ беҳтарин намунаи идораи низоъро тавассути музокирот, миёнаравӣ ва ҳамкорӣ баҳри бартараф кардани харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод».

Ренда Муҳаммад Слим, профессори

Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ

 

«Бунёди сулҳ танҳо вазифаи роҳбарони давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як фард аст. Барои пойдории сулҳ иштироки одамон дар раванди оштӣ зарур аст… Агар саҳмгузории бештари мардум дар раванди оштӣ таъмин гардад, имконияти нигоҳ доштани сулҳ ва пойдории он меафзояд».

Ҷон Пол Ледерак, профессори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сулҳофарии ба номи Хоан Б. Крок, Донишгоҳи Нотердам

 

"Фақат ҷанг набошад шуд. ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист формулаи "сулҳ дар ҷанги бародаркушӣ”-ро ёбад...

Ман Тоҷикистони озодаву осоиштаро дӯст медорам, ки шабеҳи Доғистони ман аст. Тоҷикистонро ҳангоме ки дар телевизион мебинам, онро аз Доғистон фарқ намекунам. Вақте дар бораи Доғистон мегӯянд, гумон мекунам, ки Тоҷикистон бошад”.

Расул Ғамзатов, адиби маъруфи доғистонӣ

 

"Эмомалӣ Раҳмон гурги даҳшатангез ва кафтори ҷанги шаҳрвандиро дар қафас ҷо кард. Ӯ оташро дар найистон фурӯ нишонд, ки миллати куҳансол ва давлати навбунёдро саросар метавонист бисӯзонад. Ин корномаи бузурги як сиқёсатмадор аст”.

Темур Зулфиқоров, адиби ҷаҳоншумули

тоҷиктабори русзабон

 

"Мукофоти ҳар кас бояд мувофиқи хизматаш бошад. Ҷаҳониён огоҳанд, ки сулҳ дар Тоҷикистон натиҷаи заҳмати Эмомалӣ Раҳмон аст”.

Михаил Горбачёв, аввалин ва охирин Президенти СССР

 

"Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид”.

Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Номаҳои Шумо
Дастоварди бузурги миллат

Дастоварди бузурги миллат

Ҳуқуқу амният
Ваҳдати миллӣ мароми мост

Ваҳдати миллӣ мароми мост

Номаҳои Шумо

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо