Рӯзномаи Хатлон » Ҳаҷми мукофотпулии биологу риёзидонҳо маълум гардид


Ҳаҷми мукофотпулии биологу риёзидонҳо маълум гардид


Барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бо қарори раиси вилояти Хатлон 103 ҳазору 200 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст.
      Озмуни мазкур бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040), ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар соли 2021 баргузор мегардад. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия, аз ҷумла математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода