Дар як сатр
» » Санҷиш камбудиҳои ҷойдоштаро ошкор кард

Санҷиш камбудиҳои ҷойдоштаро ошкор кард

21-06-2018, 08:53

Ҳангоми санҷиш аз тарафи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маълум карда шуд, ки шумораи шаҳрвандони аз муоинаи тиббигузашта 3 ҳазору 16 нафарро ташкил медиҳад ва маблағи муоинаи тиббӣ ба беш аз 16 миллиону 70 ҳазор сомонӣ баробар аст, аммо ба буҷет ин маблағ ворид нашуда, зарари молиявӣ расонидаанд.

 

Инчунин, зимни баҳисобгирии бақияи картаи тиббии кӯдак дар 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 6 муассисаи томактабии ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ ба миқдори 4 ҳазору 749 адад бланкаҳои қалбакии тиббии кӯдак ба  маблағи умумии беш аз 19 миллиону 4 ҳазор сомониро ошкор намудаанд.

Дар маҷмӯъ, зимни санҷиши молиявӣ маблағи умумии зарар, ки 36 миллиону 6 ҳазору 549 сомониро ташкил медиҳад, ошкор гардида, аз ин маблағ дар рафти санҷиш 24 миллиону 3 ҳазор сомониаш ба буҷаи давлат барқарор карда шудааст.

Моҳи апрели соли 2018 нисбати духтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо моддаи 245 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Далер ШАРИФОВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТ БО ГУМОНИ ТАЛАБИ ПОРА

Хабарҳо
Азхудкунии маблағи нафақагирон

Азхудкунии маблағи нафақагирон

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Ҳуқуқу амният
Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Агентии зиддикоррупсионии вилоят 511 ҷиноятро кушодааст

Агентии зиддикоррупсионии вилоят 511 ҷиноятро кушодааст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА