Дар як сатр
» » Хоҷаи худро "падар" гуфтани Кабирӣ

Хоҷаи худро "падар" гуфтани Кабирӣ

20-06-2018, 08:52

Волидайн пас аз ба дунё омадани тифл нахуст бо ниятҳои наҷиб ва орзуву умеди бепоён ӯро номи нек мегузоранд. Барои ба камол расидан ва инсони нек шудани фарзанд ҷаҳду талош меварзанд, худ намехӯранду фарзандонро мехӯронанд. мекӯшанд, ки тифли ба ноз парвардаашон  хубу саодатманд ба воя расида, фардо дар дами пирӣ дастгиру мададгорашон бошад.

 

Ба таъбири шоири бузург Тошхоҷа Асирӣ:

Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,

Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.

Мутаассифона, мисли Муҳиддин Кабирӣ ва дигар нохалафони наҳзатӣ ҳастанд нафароне, ки аз гуфтаи падару модар берун пой гузоштаанд. Ҳатто ин ноқобилон волидони худро мусибатзада карда, ба Модар-Ватани худ хиёнат мекунанд. Тавре маълум аст, террорист Муҳиддин Кабирӣ, ки пас аз ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эътироф гардидани Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳатто ба гуфтаҳои падараш гӯш наандохта, аз кишваре, ки дар он ба камол расидааст, фирор кард, имрӯзҳо бар муқобили давлату миллати худ санг мезанад. Борҳо падари Кабирӣ тариқи расонаҳои иттилоотӣ ба фарзанди нохалафаш муроҷиат намуда, хос-тори ба ватан баргаштани ӯ шуда буд, аммо муроҷиаташ ҳамчун падар ба писараш асар накард. Падари Кабирӣ аз рафтору кирдори разилонаи фарзандаш ҳамарӯза тариқи садову симо огоҳ гардида, аз аъмоли чунин фарзанди ноқобил борҳо изҳори норозигӣ кардааст. Тибқи иттилои бархе аз хешовандони наздики Тилло Кабиров (падари Муҳиддин Кабирӣ), ӯ баъди ба бемории вазнин гирифтор шуданаш гуфтааст, ки сабабгори асосии бемории ӯ фарзанди хоинаш террорист Муҳиддин мебошад...

Маҳз чунин кирдору рафтори Муҳиддин Кабирӣ ба он боис гардид, ки падараш дар назди хешу ақрабо ва ҳамдеҳагон шармсор гардида, дар дами пирӣ аз азоби фироқи фарзанди хоин ба бемории сактаи қалбӣ гирифтор гардида, ҷони худро ба ҷонофарин супорид. Муҳиддин Кабирӣ, ки дар ҷанозаи модараш тариқи онлайнӣ  иштирок карда буд ва ба иштирокдорони намози ҷаноза тариқи мик-рофони телефони мобилӣ изҳори хушнудӣ карда буд, дар ин кор таҷрибаи кофӣ низ дорад, дар ҷанозаи падараш низ тариқи онлайн иштирок кард. Ҳатто лоиқи ба ҳалқи падар рехтани як қатра об дар дами марг нагардида, аз дидори гарми падар маҳрум шуд. Аз ин  бармеояд, ки мусибати хоин Кабирӣ падарашро аз пой афтонду кушт.

Ба ҳамин монанд имрӯзҳо, чандин тан аз хоинони миллат ба мисли Шарофиддин Гадоеву дигарон аз дидори гарми падару модар маҳрум гардида, ҳатто аз гӯшаи тобути падар набардоштаанд. Ин хоинон супориш ва дастури хоҷагони хеш ва маблағи муфтро аз дидори гарми волидайн боло гузошта, охиру оқибат аз онҳо рӯй гардонидаанд.

Мо, устодону омӯзгорони МТМУ №14-и  шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон рафтору кирдори чунин ватанфурӯшонро маҳкум менамоем. Намегузорем, ки дигарбора ин нохалафон насли наврас ва ҷавонони моро гумроҳ созанд.

 

Муҳаббат Раҳматова,

омӯзгори  МТМУ №14-и шаҳри Кӯлоб


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Даъвати рӯйирости хоини миллат барои гузариш ба мазҳаби шиа

Сиёсат
Хоинони миллатро намебахшем!

Хоинони миллатро намебахшем!

Хабарҳо, Сиёсат
Зӯри беҳуда миён шиканад...

Зӯри беҳуда миён шиканад...

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ…

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ…

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш