Дар як сатр
» » Наҳзатиён иқроранд, ки баҳори кишварро хазон кардаанд

Наҳзатиён иқроранд, ки баҳори кишварро хазон кардаанд

22-06-2018, 06:47

Дар зиндагӣ шахсоне ҳастанд, ки  барои онҳо арзиши олии ҳаёт - озодӣ ва мустақилияти комил қадре надошта,  ниятҳои нопоки  худро бо роҳу воситаҳои гуногун ва мудҳиштарин қатлу куштори одамони бегуноҳ амалӣ кардан мехоҳанд. Ҳол он ки дар таърихи башарият муҳимтарин арзиш бо унвони озодӣ ва истиқлолият шинохта  шудааст. Хушбахтона, баъди ҳазорсолаҳо, ибтидои солҳои навадуми қарни ХХ, яъне 9 сентябри соли 1991, ба орзуи деринаашон расиданд.  Мардуми кишвар ин рӯзи фирӯз - соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии кишварро бо як ҷаҳон шодию нишот истиқбол гирифтанд.  Хонадони  тоҷику тоҷикистониён  пур аз ханда ва сарфарозӣ шуд. Вале…

…Тариқи шабакаи «Тоҷикистон» Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ҳамон «Генерали мардумӣ»-и  соли 1992, намояндаи  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро тамошо  кардем, ки аз саргузашти хеш қисса мекард.  Гӯё ӯ аз карда пушаймон, ба мардуми кишвар «маслиҳат»  медод,  дигар ба суханони намояндагони  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ  ҳамчун   ҳизби террористӣ бо қарори Суди Олии кишвар манъ карда шудааст, бовар накунанд. Зеро онҳо ҳокимиятхоҳанд. Бо супориши зархаридони хориҷӣ ба амалиётҳои террористӣ даст зада, шахсони масъули  бегуноҳро ба қатл мерасонанд.  Бо роҳи хунрезӣ, яъне бо табаддулоти давлатӣ ҳокимиятро ғасб карда, давлати исломӣ ташкил карданианд. Магар инро дар Тоҷикистон мехоҳанд? Ҳаргиз!

Аз суханони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ маълум гардид, ки собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат Ҳоҷӣ Ҳалим бо супориши зархаридони хориҷӣ ва масъулини  ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ дар  мамлакат фаъолияти террористиро анҷом доданд, ки боиси марги як гурӯҳ кормандони милиса ва дигарон гардид. Ин маънои онро дорад, ки аъзои собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки солҳои навадуми қарни бист сабабгори амалиёти мусаллаҳона дар кишвар,  харобкорӣ, қатлу куштор гардида буданд, ҳанӯз ҳам аз ниятҳои нопоки худ даст накашидаанд.

Онҳо ба ватан, ба Тоҷикистони азиз хиё-нат карда, боиси  марги беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандон гаштаанд. Бо касофатии онҳо беш аз як миллион нафар шаҳрвандон аз ноилоҷӣ  бо мақсади наҷот ёфтан маҳалли зисти худро тарк карда, ба дигар минтақаҳо ва давлатҳои хориҷӣ гуреза шудаанд. Собиқ генерали мардумӣ  Сайид Қиёмиддини Ғозӣ дар ин амалиёт даст дошта, дар хориҷи кишвар ҳаёт ба сар мебурд, ба амалиёти оянда тайёрӣ медид. Аз суханрониаш маълум шуд, ки ӯ бо кумаки молиявии давлатҳои хориҷӣ дар Федератсияи Русия  дар байни муҳоҷирони тоҷик ва умуман мусулмонони он кишвар корҳои таблиғотӣ нисбати ҷонибдории ҳизби наҳзати ислом бурда,  онҳоро ба амалиёти навбатӣ омода  менамуданд.  Агар Сайид Қиёмиддини Ғозӣ дар асл  аз карда пушаймон мебуд, дубора  ба ин амалҳо даст намезад, супоришҳои собиқ роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷи-кистон ва хоҷагони зархариди хориҷиро иҷро намекард. Ин хиёнати ӯро ватан ва халқи азияткашидаи тоҷик намебахшад.  Беҳуда намегӯянд:

Макун бад бо касеву

 бад маяндеш,

Куҷо чун бад кунӣ, бад

 оядат пеш.

Ҳамчунин Саъдӣ дар ҳаққи бадон фармудааст:

Аз бадон ҷуз бадӣ наёмӯзӣ,

Накунад гург пӯстиндӯзӣ.

Сайид Қиёмиддини Ғозӣ бетафовут дар бораи он сухан мегӯяд, ки гӯё дар ҷанги шаҳрвандии гузашта 150 ҳазор ва ё аз он зиёдтар ҷавонони ҳанӯз ғунчаи орзуяшон ношукуфта ба шаҳодат расидаанд. Магар ин ҳодисаҳои нангин ба онҳо сабақ нашуд, ки боз нақшаи ҳуҷумҳои навбатӣ, бо истифодаи нерӯ ба амал овардани табаддулоти давлатиро кашидаанд? Онҳо на ин, ки сабақ нагирифтаанд, балки дар хориҷи кишвар бо кумаки давлатҳои хориҷӣ аз сари нав барои ташкил кардани давлати исломӣ талош доранд. Ин ба онҳо муяссар нахоҳад шуд. Халқи тоҷик мехоҳад дар давлати озод, соҳибихтиёр ҳаёти сазовор ва арзанда дош-та бошад.

Чӣ будани Ҳизби наҳзати исломиро тамоми мардуми тоҷик хуб медонанд. Маҳз онҳо соли 1992 мардуми аз ҳақиқат ноогоҳро ба майдони шаҳидон кашида, ба давлат талаботи сиёсӣ пешниҳод намуданд. Маҳз онҳо сабабгори амалиёти мусаллаҳона дар Тоҷикистон гаштанд. Маҳз онҳо бо давлатҳои хориҷӣ робита барқарор карда, барои ташкили давлати исломӣ мубориза бурданд.  Бо амри онҳо водии Вахш ва дигар манотиқи диёр ба вайронаву харобазор табдил ёфт.

Имрӯз  баъди ба даст афтодан Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз боби ваҳдат, дӯстӣ, ноҳақии солҳои навадуми қарни гузашта  собиқ роҳбарони ҳизб, аз ҷумла  Сайид Абдуллои Нуриро  гунаҳгор донист. Ин ба ҳамагон маълум аст.  Пас худ,  Сайид Қиёмиддини Ғозӣ  барои чӣ барои оромии кишвар кӯшише накарда, баръакс вазъият-ро бо амалҳои хеш муташанниҷ гардонд.  Дар халқ мегӯянд: «Одами дурӯяро як бари рӯяш сиёҳ аст».

Имрӯз, ҳарчанд Сайид Қиёмиддини Ғозӣ   худро сафед кунад ҳам, мардуми Тоҷикистон ба ӯ заррае боварӣ надошта, ҷазои қонунии ӯро талаб мекунанд. Зеро ба гуфтаи худи ӯ ҳанӯз ҳам модарон  фарзандони дар размгоҳ гумкардаи худро меҷӯянд. Интизоранд, ки онҳо  рӯзе аз дари хонаашон  даромада меоянд.  Аз ин рӯ, ҷинояти содиркардаи Сайид Қиёмиддини Ғозӣ дар назди халқу миллати  тоҷик  калон буда, он нобахшиданист.

 

Б. Сайдалиев,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ