Дар як сатр
» » Ваҳдати миллӣ мароми мост

Ваҳдати миллӣ мароми мост

22-06-2018, 08:29

«Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст».

Эмомалӣ РАҲМОН

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар кишварҳои собиқи узви ИҶШС Истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Вале, мутаассифона, мо - тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем ин неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри ХХ ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда додаанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш бас-та шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён - Ҷамшед, дар замони Сомониён - Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.

Қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид».

Олимони хориҷию ватанӣ доир ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таърихии сулҳи тоҷикон изҳори ақида карда, фаъолияти Сарвари давлат-ро ҳамчун чеҳраи бузурги сиёсӣ оид ба роҳҳои дурусти дарёфти сулҳи сартосарӣ ошкор карданд. Муҳимтар аз ҳама, муҳаққиқон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ба оламиён ҳамчун таҷрибаи нодир муаррифӣ карданд.

Моро зарур аст, ки ин сулҳи нодирро ҳамаҷониба омӯзем, ба қадри он расем ва чун гавҳараки чашм онро эҳтиёт намоем.

Тоҷикистон дар солҳои 90-уми қарни ХХ, дар ибтидои ба даст овардани Истиқлолият гирифтори низои шаҳрвандӣ гардид. Ин кишвар танҳо ба шарофати хиради роҳбарони сиёсӣ ва таҳаммули мардум мухолифатро аз байн бурда, ба ҷомеаи байналмилалӣ беҳтарин намунаи идораи низоъро тавассути музокирот, миёнаравӣ ва ҳамкорӣ баҳри бартараф кардани харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод.

Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

Ва аз забони шоир мегӯем:

Ҳар касе бар қадри Ваҳдат

мерасад,

Ӯ ба иқболу саодат мерасад.

 

Рустам САФАРИЁН,

корманди дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ифтихори миллати тоҷик

Ифтихори миллати тоҷик

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо