Дар як сатр
» » Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

9-03-2015, 18:23

Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расидТашкилоту муассисаҳо ва аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа аз истифодаи нерӯи барқ 27 миллиону 831,3 ҳазор сомонӣ қарздор будаанд.

Ба иттилои масъулони Шабакаҳои барқии шаҳри Қӯрғонтеппа, аз ин маблағ 17 млн. 687 ҳазор сомониаш қарзи аҳолӣ мебошад. Ба иттилои муовини сарвари Шабакаҳои барқӣ А. Давлатов, бо мақсади кори муътадили низоми барқрасонӣ ҷиҳати таъмини доимии соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо нерӯи барқ бо сарфи 2 миллион сомонӣ иншоотҳои барқӣ аз таъмир бароварда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, корхонаи давлатии фаръии обу канализатсияи шаҳри Қӯрғонтеппа тайи як соли охир ҷамъоварии маблағи оби додашуда ба аҳолии шаҳр 8 млн. 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аммо ин муассиса ҳамоно аз андоз ба маблағи 2 млн. 546,5 ҳазор сомонӣ қарздор будааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Ресанда» андоз намесупорад?

«Ресанда» андоз намесупорад?

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Лимит лағв мешавад

Лимит лағв мешавад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Хабарҳо
Афзоиши шумораи қарздорон

Афзоиши шумораи қарздорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо