Дар як сатр
» » Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои байналмилалии вобаста ба об пешоҳанг аст

Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои байналмилалии вобаста ба об пешоҳанг аст

20-06-2018, 09:21

«Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худ ҳаёт аст, об ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем».

Эмомалӣ Раҳмон

Талошҳои бисёрсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар олам вобаста ба масъалаҳои глобалӣ беназир аст. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» бори аввал аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли гузашта дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, пешниҳод шуд.
Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи масъалаҳои глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Махсусан, бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» -ро эълон кард.
Гузаронидани семинару конф-ронсҳои давлативу байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, махсусан аҳамияти об барои рушди устувор ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ, таъмини сулҳу субот заминаи хубе мегузоранд.
Пешвои миллат зимни суханронии худ дар Форуми об чунин таъкид намуд: «Таҳдидҳои ҷаҳони муосир, бо шумули буҳрони молию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кӯдак ҳанӯз сафарбар намудани талошҳои мо ва қабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд». Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз таклифу пешниҳодҳои дақиқу созанда ва асосноки Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкории дастаҷамъона ҷалб намуда истодааст. Баррасии муҳимтарин масъалаҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста аз минбарҳои бонуфуз сурат мегирад, дар таъмини ҳадафҳои зиндагии шоиста ва ҳалли мушкилоти аҳолии кураи замин ҷонибдорӣ ёфта, оид ба ҳалли масъалаи об саҳми арзандаву шоистаро касб намуда истодааст ва аз тарафи тамоми сиёсатшиносону намояндагон, мутахассисони созмону ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф ва пазируфта мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар рӯйи олам тахминан 2 миллиард нафар ба мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ гаштаанд. Дар баробари ин, ба захираҳои табиӣ имрӯз талаботи мардум нисбати истифодаи об зиёд гашта истодааст, ки ин моро водор менамояд барои нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи он талош варзем ва корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намоем. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати захираҳои обӣ мақоми хосаро касб менамояд ва тайи солҳои охир нигаронии ин кишварҳо аз хушкшавии баҳри Арал мебошад.
Пешвои миллат аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста так-лифу пешниҳодҳои худро дар ҳалли мушкилоти об пешниҳод менамояд. Дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносбати оғози Даҳсолаи байналмилаии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷаллаи "Нигориши СММ” зери унвони "Об барои рушди устувор” ба нашр расид ва пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.
Мувофиқи маълумоти оморӣ миқдори об дар кураи замин ба 1,4. 1018 т баробар буда, аз он оби тозаро 2.1015т ташкил медиҳад. Дар як сол аз сатҳи замин 40 ҳазор км3оби тоза xориҷ мегардад, ки инсоният 3,5 ҳазор км3 онро дар як сол истифода мебарад. Зиёда аз 28 ҳазор км3 он ба баҳрҳо рехта, як қисми он дар биёбонҳо нест мегардад. Қисмати зиёди об бо сабаби ифлос гардиданаш истифода бурда намешавад.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимии худ дорои пиряхҳои зиёд ва азим мебошад. Пиряхҳо танзимкунандагони оби дарё ва иқлим дар минтақа буда, қариб 6%-и ҳудуди кишварро ишғол менамоянд. Дарёҳои Тоҷикистон манбаи асосии пуршавии баҳри Арал башумор рафта, сарчашмаи таъмини кишварҳои поёноб мебошад. Шумораи дарёҳои Тоҷикистон ба 928 мерасад, ки дарозии ҳар яки он беш аз 10 км ва дарозии умумии онҳо ба 28500 км аст. Масоҳати умумии кӯлҳои Тоҷикистон бештар аз 680 км2ташкил медиҳад. Мувофиқи нишондоди сарчашмаҳои муътамад дар ҳавзу обанборҳои Тоҷикистон 45,3 км3 захираи об мавҷуд аст. Захираи оби ошомидании кишвари мо 19,3 км3-ро ташкил медиҳад. Манбаъҳои обҳои зеризаминӣ ба 51,2 км3баробар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масоҳат дар дунё ҷойи 85-умро ишғол намояд ҳам, аз рӯйи захираҳои энергетика обӣ баъд аз кишварҳои Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Ҳиндустон ва Канада ҷойи 8-ум ва аз рӯйи ҳаҷми қиёсии захираҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи аввал ва ба ҳар 1 км. ҳудуд ҷойи дувумро касб менамояд.
Тадқиқоти мутахассисон нишон медиҳад, ки дар асри ХХ афзоиши аҳолӣ 3 маротиба ва талабот ба об 7 маротиба боло рафтааст. Дар шароити муосир талабот ба оби тоза нисбат ба афзоиши аҳолӣ 2 маротиба зиёд гардидааст. Аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ аз соли 1960 то соли 1990 шумораи аҳолӣ аз 14 млн нафар ба зиёда аз 50 млн расида, майдони замини обёришудаи ин минтақа 65% афзудааст. Дар ин солҳо талаботи солонаи об аз 60 то 120 км3 зиёд шудааст. Пас маълум мешавад, ки ҳолати таъмини аҳолӣ ба оби нӯшокӣ, хусусан оби тоза беш аз пеш мушкилтар шудааст. Дар маҷмӯъ истифодаи об ба 110-114 км3 дар ҳар сол баробар мебошад, ки нисбати ҳаҷми миёнаи солонаи обҳои ҷоришавандаи Сирдарё ва Aмударё баробар аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи оқилонаи манбаъҳои обиро ҳамчун захираҳои гидроэнергети-кӣ бо бунёди неругоҳҳои барқию обӣ ҳамчун манбаи истеҳсоли барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ба манфиати кишвар ва минтақа зарур мешуморад ва минбаъд низ дар самти нигоҳдории захираҳои обӣ дар сатҳи байналмилалӣ барои рушди устувор корҳои назаррасро анҷом хоҳад дод.
Ҷамшед Намозов,
директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028

Хабарҳо
Об - сарчашмаи ҳаёт

Об - сарчашмаи ҳаёт

Номаҳои Шумо
Мушкилоти глобалии истифодаи об  ва ташаббуси навбатии Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
22 март - Рӯзи байналмилалии захираҳои об: об сарвати бебаҳост

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Об ва масъалаҳои рушди устувор

Об ва масъалаҳои рушди устувор

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология