Дар як сатр
» » Дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат саҳмгузор бошем

Дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат саҳмгузор бошем

19-06-2018, 12:16

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон доир гашт. Дар кори ҷаласаи Шӯро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеа Ш Азиззода, котиби ҳамоҳангсози шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Н Саидзода, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, роҳбарону намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Ҷамъомадро муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд. Номбурда таъкид дошт, ки фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ аз он дарак медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди демок-ратикунонии ҷомеа ҳалли хешро ёфтааст. Ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди сиёсати давлатдории навини тоҷикон бевосита ширкат дорад.

Муовини раиси вилоят зимни суханронӣ ёдовар гардид, ки чанде қабл дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, ки бо ширкати намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ  ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир гардида, атрофи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқоташ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ  сухан ронда, иштирокдорони ҷаласа таъкид дош-танд, ки дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат бояд ҳамагон фаъол бошанд. Зеро вазъи имрӯзаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як фарди ватандӯстро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри оромию осудагии меҳан, тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ тадбир андешанд.

Сипас, Шуҳрат Азиззода, мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеа, зимни суханронӣ ироа дошт, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати Роҳбари давлат мавқеи хоса дошта, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон як қатор тадбирҳои мушаххас  андешида шудаанд, ки онҳо  натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардаанд. Таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ низ махсус ба ин самт равона гардидааст. Яъне аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ  бевосита метавонанд андешаҳои  неку инсондӯстонаи хешро  пешниҳод намоянд ва ба ин васила дар рушди ҷомеа саҳми муносиби хешро гузоранд.

Сипас, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Нуриддин Саидзода сухан ронда, ироа дошт, ки проблемаҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф,  манзил, ҳифзи саломатии аҳолӣ вуҷуд доранд.  Албатта, ин масъалаҳо дар тамоми ҷаҳон  ба чашм мерасанд. Танҳо барои роҳи ҳал пайдо кардани ин мушкилиҳо  бояд  аҳли ҷомеа, бахусус Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намоянд. Албатта, захираҳои асосии ҳар як ҷомеа ин, пеш аз ҳама, захираҳои ақлонӣ ба шумор меравад. Танҳо дар сурати андешаи солим, истифодаи оқилонаи неруҳои зеҳнӣ метавонем ба дастовардҳои боз ҳам беҳтару хубтар ноил гардем.

Сипас, коршиносон Фақир Саъдуллоев ва Зафар Ализода нисбати дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иқтисод андеша баён намуданд. Тавре ки таъкид гардид, ташкилотҳои ҷамъиятии «Фидокор», «Дилафрӯз», «Ғамхорӣ»,  «Меҳрон», «Парасту», «Заршедабону», «Эҳё ва дастгирӣ», «Ситора»  ва ғайраҳо  ҳамкориро бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят,  шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда, баҳри ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ дар маҳалҳо саҳми  хешро мегузоранд.

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ёдовар гардид, ки баҳри дар амал татбиқ гаштани барномаҳои соҳаи маориф  дар вилоят як қатор корҳо ба сомон расидааст. Имрӯз вазифаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар умум ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, муқовимати устувор ва ақидаи устувор ба шумор меравад.

«Авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамагонро ҳушдор медиҳад, ки беш аз пеш  беҳтару хубтар ва пурмасъулияттару фаъолноктар  бошем, зеро дар ин замони пуртаззод, ки давлатҳои  пурқудраттарину пешрафта ба коми дасисабозиҳои хоҷагони манфиатҷӯ фурӯ рафтаанд ва садҳо шаҳрҳои обод валангор гардидаанд, манзилҳо сӯхтаву ҳазорҳо тан ба шаҳодат расидаанд, бояд ҳар як фарди ватандӯст баҳри пойдории сулҳу субот, ободию бунёдкорӣ талош варзад. Ва муҳим аз ҳама, посбони ваҳдату ягонагии кишвар бошем, зеро онро бо заҳматҳои бесобиқаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаем», -  ироа дошт зимни суханронӣ муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода.

 Ҳамин тавр, дар ҷамъомад оид ба Низомномаи нави шӯрои ҷамъиятӣ сухан рафта, таъкид гардид, ки шӯрои ҷамъиятӣ мақоми намояндагӣ, машваратӣ ва назоратӣ дошта, ташаккулдиҳандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар мебошад.  Иштирокчиёни ҷаласа  андешаҳои хешро нисбати фаъолияти пурсамари  шӯрои ҷамъиятӣ баён доштанд. Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Вахшона,«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамкорӣ ҷинояткориро коҳиш медиҳад

Ҳамкорӣ ҷинояткориро коҳиш медиҳад

Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Интихоби ҷавонон - тарзи ҳаёти солим

Интихоби ҷавонон - тарзи ҳаёти солим

Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ