Дар як сатр
» » Хиёнаткорон бояд ҷазо гиранд

Хиёнаткорон бояд ҷазо гиранд

19-06-2018, 18:27

Сайид Қиёмиддини Ғозӣ яке аз симоҳои шинохтаи ҳизби мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Ва қаблан аввали солҳои навадуми асри гузашта бо номи генерали халқӣ баромад менамуду нафарони ҷангии ҳизби мазкурро ҳангоми майдоннишинӣ машқ медод, ба қавле мардуми майдони озодиро метарсонд, қудратмандии ҲНИТ-ро нишон медод. Вале тирашон хок хурду ҳама фирор карданд. Танҳо бо бахшиши давлати Тоҷикистон ва қабл аз ҳама натиҷаи амалҳои башардўстонаю одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ватан баргаштанд. Ин ҳам ба як хотир, тинҷию осудагӣ ва ваҳдати мардуми тоҷикро таъмин намудан. Вале ҳайҳот. Мегўянд неши ақраб на аз роҳи кин аст, балки муқтазои табиаташ ин аст. Ва ин тоифа аз зумраи ҳамон каждумҳои таги бурё будаанд ва одати худро тарк карда натавонистанд.

Ин гуфтаҳои моро барномаи дирўз аз тариқи телевизиони Тоҷикистон нишондода тасдиқ менамояд. Дар барномаи мазкур ҳамон генерали ҳалқӣ – Сайид Қиёмуддин Ғозӣ оид ба амалҳои ношоистаи худу нафарон-аъзои Ҳизби Наҳзати Ислом ва хосатан сарвари ҳизб Кабирӣ ошкоро сухан ронда, мақсаду мароми ҳизб, саркардагони он ва хоҷагони бурунмарзиашон дар симои Ҷумҳурии исломии Эрон ошкоро сухан ронда, аз кардаи худ пушаймонӣ изҳор намуд.

Ҷои пинҳон кардан нест, ки ягон ҳизбу ҳаракат бе пуштибонӣ, бе дастгирии молиявӣ, бе дастгирии халқ ба комёбӣ ва пешравӣ ноил намегардад. Ва аз иқрори Сайид Қиёмиддин хеле равшан гардид, ки пуштибони ҲНИТ ин саркардагон ва охундҳои эронӣ будаанд. Ва баста-баста долларҳои амрикоиро барои ҲНИТ дареғ намедоштаанд. Ин ҳам танҳо ба як хотир, ба хотири роҳандозӣ намудани афкори сиёсии худ- тарғиби равияи шиа-гаравидан ба равияи эронӣ. Ва чуноне ки илова намуд, бояд давоми даҳ сол ин кор амалӣ мегардид. Ва он ба соли 2015 рост омад. То ин муддат тарафдорони ҳизби наҳзат дар баъзе мақомҳои қудратӣ ва ҳукуматӣ ҷой гирифта, мавқеашонро мустаҳкам менамуданд. Ва мувофиқ ба супориши хоҷагони бурунмарзӣ балвои генерали хоин Ҳалим Назарзода оғоз гардид. Вале мардум аз оқибати кори онҳо хуб огоҳӣ доштанд ва онро дастгирӣ ҳам накарданд. Бар ивази чанд тани қурбоншудаи Шердилони Ватан ин гуруҳи хиёнаткор шикаст хурд. Ва боқимонда фирор карданд.

Баъди тамошои барномаи мазкур ва иқроршавию сидқан пушаймон гардидани Сайид Қиёмуддин мардуми Тоҷикистон хеле хуб дарк карданд, ки мақсаду мароми ҳизби террорист, ки то ин муддат давоми солҳои навадум хуни ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик, роҳбарону шахсони варзидаи тоҷикро рехтаву харобиҳои зиёде оварда буд, чӣ асту хоҷагони онҳо кист?

Мардуми тоҷик хеле хуб фаҳмидаанд, ки дўст кисту душманаш кист. Онҳо як Ватан доранд, ки номаш Тоҷикистон ва як Пешво доранд, ки он ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва ба тарғибу ташвиқ ва буҳтонзаданҳои Кабирии ватанфурўшу хоин фирефта нахоҳанд шуд. Ва ўву ҳизбашро ҳеҷ гоҳ дастгирӣ нахоҳанд кард, зеро аллакай ин ҳизб аз хотирҳо баромада, ба ҷуз хиёнату куштораш, ки аз ин ба мардум ситами зиёде расида буд.

Ман, ҳамчун як фарди ин сарзамини аҷдодӣ ҲНИТ ва саркардагону думравонашро маҳкум намуда, хостори онам, ки саркардагони онро, ки дар кадом як кишваре, ки паноҳ бурда бошанд, тавассути суди байналмилалӣ ва кишварҳои ба мо дўсту демократӣ ба маҳкама кашида, ҳамчун террорист ҷазои сазовор дода шаванд.

Н. САФАРОВ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тавбашикан

Тавбашикан

Сиёсат
Зӯри беҳуда миён шиканад...

Зӯри беҳуда миён шиканад...

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Сиёсат, Хабарҳо
Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо