Дар як сатр

Тавбашикан

19-06-2018, 18:16

Оҳ, аз ин ҷинси наҷосаттинатони зуҳдкеш,

Ҷуз ба оби теғ натвони мутаҳҳар доштан.

 

(Тошхуҷаи Асирӣ)

        

Тамошои филми мустанади «Решаҳои ноаён» як бори дигар муруре буд ба солҳои даҳшатбори 90-ум ва амалҳои миллаткуши Саид Қиёмиддини Ғозӣ. Мо аз оғози солҳои 90-уми садаи 20 бо номи Саидов Абдулло Нуриддинович ва Эшони Қиёмиддин аз тариқи расонаҳои хабарӣ ошнои пайдо кардем. Баъдтар барои мутантан садо додани номашон ва диққати баъзе содалавҳҳоро ба худ кашидан аввали худро Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва дувумӣ Саид (таъкид ба Эшонзода будан) Қиёмиддини Ғозӣ (ҳушдор аз зодаи Ғозималик будан ва ғозирӯҳи исёнӣ доштан) намудаанд.

         ҲНИТ аз рӯзҳои аввали зуҳури худ ба тахрибкорӣ, тарсонидани ашхоси бедордил ва сарсупоридани миллат даст зад.  Ёд дорем, ки соли 1990 аз дасти ин гурӯҳи ваҳшӣ директории мактаби миёнаи №20-и ноҳияи Вахш, сокини хоҷагии «Туркманистон»-и ноҳияи мазкур Сафар Раҷабов бо корд ба таври аниқ захмӣ шуда буд. Баъдан ба мақсади гирифтани «аловӣ» чашми мардум ин амалҳои ноҷавонмардонаи худро мунтазам такрор мекарданд ва соли 1992 ба исёни руёрӯй алайҳи ҳукумат бархестанд. Яке аз шахсони саркардаи ҲНИТ эшони Қиёмиддин буд, ки  идеологи асосии ин ҳизби хунхор ҳисоб мешуд. Имрӯз ин хонашери майдонғариб, ин эшони тавбашикан ва душмани миллату мазҳаби ҳанафӣ рӯ ба рӯи мардум истода, гуноҳои кабираи  худро як-як чун амали хайр ба мардум ҳикоят мекунад, як нав аз кардааш худро пушаймон мешуморад, ашки тимсоҳӣ аз дида мерезонад, то ки ба дили мардуми садодил чун солҳои 90-ум асар кунанд ва ӯро боз генерали мардуми номида қад-қад мардум парида шодӣ кунанд, ки чунин ғамхору пуштибон доранд. Лекин имрӯз мардум симои манфури ӯро фошофош диданд. Огоҳ шуданд, ки эшони Қиёмиддине, ки 8 зан ва 28 фарзанд дошта, шоҳона умр ба сар мебарад, бар замми ташкилкунандаи ашаддии ҲНИТ буданд, боз имрӯз аз мазҳабӣ суннат ва ҷамоат, аз мазҳаби Имоми Аъзам рӯ тофта, ба хотири пулу пайса ба мубалиғи ашаддии мазҳаби исёнии шиа табдил ёфтааст.

         Мардум аз амалҳои миллаткуши Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳикматзода, Тураҷонзода, Муҳиддини Кабирӣ ва дигарон, ки дасти онҳо ба хуни зиёда аз 250 000 инсони бегуноҳ кушташуда то оринҷ олуда аст, хуб огоҳанд.

         Эшони Қиёмиддин чун идеологи ҲНИТ бо ифтихор аз амалҳои ҷинояткоронааш дар солҳои 1992-1997 ҳарф мезанад. Ёдовар мешавад, ки аз давлатҳои арабӣ 10 млн доллар овард, вале наҳзатиён онро ба боди фано бурданд. Таъкид мекунад, ки ҲНИТ аз рӯзҳои авали зуҳури худ бозичаи дасти Эрон аст. Дар солҳои 1992-1997 низ маҳз дар Эрон зану мардро таълим дода, алайҳи Тоҷикистон равона месохтанд. Дар даврае, ки ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон бо сарвари давлат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомали Раҳмон мехестанд, ин сулҳ барқарор гардид, он кӯрдилон бо ҳар роҳ ба ин раванди таърихи халал ворид мекарданд, ҷоддаҳоро оташ мезаданд, ба дили одамон ҳарос меафканданд.

         Махсусан ёдоварӣ аз мулоқоти Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо Эшони Қиёмиддин ва шиносоӣ бо намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон хотими-узви хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон – Силоҳи посдорони инқилоби исломӣ, вазифадор гардиданд, то ки мазҳаби шиаро дар Тоҷикистон таблиғ кунанд, тавассути маросими Ошуро ба таблиғи мазҳаби шиа ва ҷиҳод аллайҳи давлат мардумро даъват намояд. Махсусан эшони Қиёмиддин вазифадор мегардад, ки таблиғотро дар байни мардум пурзур намояд, то ки иронгурезаю шиаситезӣ ба иронпараст ва шиадӯсторӣ табдил ёбад. Маҳз дар ҳамин ҷо вазифа мегирад, ки тамоми ниҳодҳои ҲНИТ бояд ба он ноил гардад, ки дар зарфи 10 сол ҲНИТ ҳизби ҳоким гардад. Ин буд, ки соли 10-уми иҷрои нақшаи генералии ҲНИТ Ҳоҷӣ Ҳалим даст ба табаддулот зад ва бо хости худованд зарқи дар хуни худ гардид.

         Инро бинед, ки Эшони Қиёмиддин баъди дар Тоҷикистон маҳдуд шудани доираи амалиёташ ба Русия фирор кард. Дар он ҷо низ  ҷавонони ғозималикиро гумроҳ намуда, Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода барин душмани миллати динро чун шоҳиди гулгулкафан муаррифӣ намуд. Барои амалиёти тахрибкорона аллайҳи Тоҷикистон хушбахтона дар фурӯдгоҳ бо маблағи пулӣ дастгир гардид, набошад боз ба чӣ корҳои зиште даст заданӣ буд.

         Имрӯз ӯ худро чун мусичаи бегуноҳ ҳисобида, ашки надомат мерезад, вале ашки ӯ ашки пушаймони нест, ашки иблисона, ашки фиребои ӯ чандин маротиба ҷонашро раҳонидааст. Аз ин рӯ, ба вай набояд бовар кард. Ӯ бояд ҷазои сазовор гирад, зеро «ситам бар ситампеша адл асту дод»!

                          

 Тани золим чу доғи лола беҳ ки гирдоби бало гардад,

Замини бемурувват беҳ, ки дашти Карбало гардад.

 

 коршинос Умеди Нуронӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ