Дар як сатр
» » Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ

Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ

16-06-2018, 08:45

Муқаддима

 

         Мақсади аслӣ ва ниҳоии инсоният – таъмини осудагӣ, рушди фардва ҷомеа мебошад. Таҷрибаи дунё нишонгари он аст, ки ин ҳадаф фақат тавассути тарбия, таълим ва ҳамчун натиҷаи он - ташаккули рӯҳи инсони комил метавонад амалӣ гардад.

         Дар асари дигаргуниҳои фавқулодаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие, ки дар се даҳсолаи охир, тавассути Қаҳрамони миллии мардуми тоҷик дар мамлакат ба вуқӯъ пайваст, рӯҳи миллӣдар сарзамини тоҷикон"паноҳгоҳи худро ёфт ва дар он зиндагӣ мекунад" (таъбири Гегел).  Акнун барои мо ҳаётан муҳим аст, ки "шуълаи ин шамъи муқаддасро эҳтиёт намоем, ба он ғизои маънавӣ диҳем. Ғамхорӣ кунем, ки хомӯш нашавад. Ва олитарин зуҳурот - шуурнокӣ ва худшиносӣ завол наёбад" (В.Ф. Гегель. Наука логики: Т.1. -М.: 1974. -С. 81).

         Бояд маълум бошад, ки ин кори осон нест. Осон ҳаст, фақат барои қлҳо ва характерҳои рӯякӣ..., ки холигӣ ва донишҳои сатҳии худро ҳамчун афзалият, моил ба мақсад ва натиҷаи фаъолияти интеллектуалии худ қаламдод карданӣ мешаванд" (таъбирҳои В.Ф. Гегел дар боби сифати андеша. Ҳамон ҷо, саҳ. 82). Баръакс, ин амал заҳмати системавии дарозмуддат, тахассусмандона ва мақсаднокро тақозо дорад.

         Дар маркази ҳалли масъала Инсон, Шахс меистад. Ин кашфиёт нест. Ҳамсин ва ҳамқадами одамизод аст. Ҳар миллат ба дараҷаи рушди тафаккур, талаботи рӯзмарра, пешбинӣ, ояндасозии миллӣ, дидгоҳу тасаввурот оид ба ин омили ҳаётан муҳим, омӯзиш ва тадқиқоти хешро  баён кардааст.

         Арзишмандӣ ва пойдории миллат баробар ба шумора ва сифати андешамандони миллӣаст, ки дар сухану амал тавони пешбурд ва таъмини рушди миллиро доранд.

         Ҳамин тариқ, мавзӯи баҳси мақола таҳлил ва баррасии баъзе аз ақидаҳои файласуфи маъруфи немис Иммануил Кант (1724-1804) оид ба ташаккули тарбия ва ба камол расонидани шахсро дар бар мегирад. Моҳияти масъала, аз тарбия намудан ва ба воя расонидани субъекти воқеии сиёсӣ, ки тавони таъмини манфиатҳои миллиро "дар ин дунёи оҳандил" (таъбири Ҳофиз) дошта бошад, иборат аст.

          Яке аз принпсипҳои асосие, ки И. Кант эҷод ва ба он такя кардааст, "қонуни асоснокии басанда - равон кардани тафаккур ба ҳадди (манзалати) донишҳои воқеӣ (дар амал санҷидашуда)" мебошад. Дар ҳамин асос, олими немис дар ҳама намуди фаъолият, пеш аз ҳама, сохтани инсон, мақсадгузориро дар мадди аввал мегузорад.

 

Мақсад ҳамчун асос барои ташаккули субъект

 

         Ҷавҳари давлатро, тавре Арасту таъкид кардааст, Инсон дар бар мегирад. Ба ҳамин хотир, сохтани Инсон аз муҳимтарин лоиҳаи инсон  ва албатта, худи давлат мебошад.

         Дар чунин лоиҳа мақсадгузорӣ нақши асосиро иҷро мекунад. Яъне падару модар, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ин ва ё он одамро барои шуғли муайян омода месозанд.

         Ҳамин тариқ, мақсади тарбия "сараввал ҳамчун натиҷаи ниҳоӣ дар майнаи инсон дар шакли орзу, умед, ният, нақша вуҷуд дорад". Дар чаҳорчӯби тафаккур тасаввур карда мешавад. Хайрият, ки ин амал, дар муқобили дигар мавҷудоти биологӣ инстинктивӣ нест. Бошуурона аст. Ақаллан, ба хотири он ки дар дараҷаи мақсадгузорӣ тасаввурот дар бораи сифати объекти мавриди назар (айни ҳол одам)  ва  шуғли ояндаи он пайдо мегардад. Муайян мешавад, ки вобаста ба он, ба чӣ гуна таълим, тарбия, таҷриба, санҷиш ва хулосабарорӣ ниёз дорад. Ва таъмини мақсад аз кадом мундариҷа, зинаҳо, шароит ва муҳит, имконот, фазову вақт вобаста аст. Дараҷа ва муҳиммияти мақсади ниҳоӣ - баробар ба масъулияти таъмин ва омода кардани матои инсон аст.  Муҳтавое, ки барои таъйиноти иҷтимоии шахс мувофиқ, тобовар ва самаранок бошад.

         Маҳз дар асараш "Дар бораи педагогика" (соли 1803), И.  Кант дар бораи идея сухан ронда, бо  ишора ба сохтани инсон таъкид мекунад: "Идея мафҳум дар бораи ба камолот ва рушди муайян расонидан аст, ки то ба ҳол он дар ин поя нест" ва орзу мекунад: "Шояд тарбия зина ба зина ба дараҷаи боло мерасад ва ҳар як насл қадаме ба пеш, барои камолоти инсоният мегузорад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 448).

         Ҷои шубҳа нест, вақте чунин мақсадгузорӣҳаст, субъекти масъул эътиқодманд аст, ки объекти таъсир (инсон) айни замон  комил нест. Ниёз ба барномарезӣ, таваҷҷуҳ ва парасторӣ дорад. Ба тарзи дигар, аз  ибтидо то  интиҳо - бадастории мақсад заҳмати зиёдро тақозо менамояд. 

         Тарбияро дар доираи масъулият ва мафҳуми аслӣ  наметавон масъалаи шахсӣномид. Мақсад аз он, пеш аз ҳама, манфиати ҷомеа ва муассисаи  аслие, ки барои амният ва рушди он ҷавобгар аст, яъне давлат дар назар дошта мешавад. Илм, фарҳанг, маориф, таълим ва тарбия -  пойдевори аслии таъмини амнияти давлати миллӣ мебошад.

         Он мушкилотро ҳам эътироф бояд кард, ки аз гузоштани мақсад (муайянкунии идея) то расидан ба воқеияти баробар ба натиҷаи дилхоҳ,фосила тулонӣва ниҳоят мушкил аст. Сабаб он аст, ки муҳити атроф, аз ҷумла алоқаҳо, муносибатҳо, миёнҷигариҳо, воқеияти ҷамъиятӣ, таҷрибаи зиндагӣ, саҳнаи ҳаёт, қонуният ва равандҳои хоси худро дорост. Ҳадаф гоҳо номуайян, ғайрихоҳиш метавонад зери суол монад.

         Ба ин нигоҳ накарда, И. Кант дилгармона таъкид мекунад: «Мақсад - ҳама вақт мавзӯи майл, шавқ, рағбат ва машғулият аст. Он мустақиман, тавассути амал ба даст овардани чизеро дар назар дорад. Ҳаммонанди қонун (фармонравоӣ ва таъмини амал - С.Я.) зарур аст, эҳтиром дошта бошад» (И. Кант. Дин фақат дар доираи ақл. -М.: 1980. -С. 31).

         Олими бузург на ҳама мақсадро барои инсон мусоид ва мувофиқ шуморида, қотеона таъкид мекунад: "Ҳамон мақсадро (оне, ки дар назар дорем - С.Я.) воқеӣ шуморидан мумкин аст, ки Ақл дар назди мо мегузорад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 31).

И. Кант хотирнишон месозад, зуҳуроти субъективӣ он аст, ки инсон дар вобастагӣ ба ҳиссиёт, ҷаҳонбинӣ ҷавҳари мақсадро чӣ гуна тасаввур мекунад. Хушбахтии хешро дар кадом шакл дидан мехоҳад. Аммо гаштаву баргашта таъкид менамояд, ки "мароми олии ҳар шахс бояд некӣ ва некукорӣ бошад. Гарчанде худи мақсад маҷмӯи синтетикӣ (баҳамовардашудаи ҷузъҳои тасаввурот - С.Я.) маҳсуб мегардад. Он маҳсули абстраксияи таҷрибаи мусбӣ (санҷидашуда - С.Я.) буданро мадди назар дорад».

Ҷолиби таваҷҷуҳи маҳз аст, ки мутаффаккири сатҳи ҷаҳонӣ ин гуна суханҳоро дар асараш "Дин фақат дар доираи ақл" таъкид месозад. Дар омади сухан, месазад таҳти ин ном даҳҳо китоб навишт.

 

                                      Оид ба мантиқи тарбия

 

         И. Кант муътақид аст, ки "ҳама мавҷудот дар табиат, чӣ зинда ва чӣ ғайризинда, тибқи қоида арзи ҳастӣ мекунанд. Об мувофиқи қонуни ҷозиба ҷорӣ мешавад..., моҳӣ дар об, парранда дар ҳаво, ҳама дар асоси қоидаи муайян ҳаракат мекунанд" (И.Кант. Логика. -М.: 1980. -С. 319.). Аммо файласуфи немис таъкид мекунад, ки чунин тасаввурот дониш нест. Биниш аст."Агар дар назари мо намояд, ки чунин фаҳмро дарёфтем, мо гуфта наметавонем, ки қонуниятҳои ин тавр шакл гирифтани зуҳурот бароямон маълуманд" (Ҳамонҷо, саҳ. 319).

         Дар ин маврид, Кант байни тасаввуроти омӣ (сода, одӣ, рӯзмарра, авомона) ва донишҳои илмӣ (қонуниятҳои пайдоиш ва тараққии зуҳуроти табиат ва ҷамъият, ки таҷрибаи зиндагӣ онҳоро тасдиқ кардааст) тафовути ниҳоятҷиддӣмегузорад. Маҳз ба ҳамин хотир, файласуф ба Одам - хусусияти физиологии ӯ, ҳ

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ