Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Вусъати ҳудуди гармхонаҳо дар Норак


Вусъати ҳудуди гармхонаҳо дар Норак


Дар ҳудуди деҳот ва корхонаю муассисаҳои шаҳри Норак дар масоҳати 65068 м² гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ ташкил карда шудааст.

Масоҳати гармхонаҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Дӯконӣ” 62500 м², дар Ҷамоати деҳоти “Пули Сангин” 328 м² ва дар ҳудуди маркази шаҳр 900 м²-ро фаро мегирад. Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Норак дар масоҳати 37000 м² лимӯхонаҳо ва дар масоҳати 550 м² гармхона барои парвариши гулҳои гуногун фаъолият менамояд. Дар назар аст, ки дар давоми соли 2021 боз дар масоҳати 300 м² гармхонаҳо барои парвариши сабзавот ва дар масоҳати 720 м² гармхонаҳо барои лимӯ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода