Дар як сатр
» » АЗМИ ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ «МУРҒИ ХУРОСОН»

АЗМИ ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ «МУРҒИ ХУРОСОН»

15-06-2018, 08:09

То моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросон калонтарин корхонаи мурғпарварии «Мурғи Хуросон» мавриди баҳрабардории пурра қарор хоҳад гирифт.

Муовини аввали раиси ноҳияи Хуросон Саидхӯҷа Карим бо ироаи ин хабар гуфт, ки бунёди ин корхона дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Ҷӯрабеков дар масоҳати 22 гектар замин оғоз гардида, айни ҳол дар он корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд. «Дар марҳилаи аввал, ин соҳибкор бо ворид кардани таҷҳизоти муосир се коргоҳи онро фаъол сохта, 15 ҳазор чӯҷа ворид ва парвариши онро дар дохили корхонаи сохташаванда оғоз бахшид ва дар дигар қисматҳои корхона корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Тибқи лоиҳаи сохташаванда, бояд саршумори паранда ба 70-80 ҳазор сар расонида шавад», - гуфт С. Карим. Дар сурати пурра ба кор оғоз намудани корхонаи «Мурғи Хуросон» 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Хабарҳо
Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд

Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Азми бунёди 30 корхона дар як сол

Азми бунёди 30 корхона дар як сол

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат