Дар як сатр
» » МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ-ОМӮЗИШӢ ДАР «ЗАҒЕРТӢ»

МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ-ОМӮЗИШӢ ДАР «ЗАҒЕРТӢ»

13-06-2018, 08:07

10-уми июн дар минтақаи «Зағертӣ»-и шаҳри Левакант, таҳти роҳбарии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-майор Искандар Солеҳзода машғулияти амалӣ ва машқҳои тактикӣ-омӯзишӣ доир гардид.

Тавре ки Офоқ Қодириён, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилоят, ба рӯзномаи «Хатлон» хабар дод, мақсади гузаронидани машқҳо баланд бардоштани ҳолати омодабошии касбии ҳайати шахсӣ, такмилдиҳӣ ва омодабошии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир мебошад. Зимни натиҷагирии машқҳо сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон И. Солеҳзода доир ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар баҳри таъмини амнияти давлату миллат, ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо ва зуҳури хатарҳои ҷаҳони муосир сухан ронд. Дар хотима ба иштирокчиёни фаъоли машқҳои тактикӣ-омӯзишӣ «Ифтихорнома» тақдим карда шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи бинои маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ифтитоҳи бинои маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тамринҳои муштараки низомӣ

Тамринҳои муштараки низомӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА