Дар як сатр
» » ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

11-06-2018, 08:06

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон расонида мешавад, ки рӯзи 26 июни соли 2018, соати 8-и субҳ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, дар иҷлосияи навбатӣ ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ №50 ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум, рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014, №111 «Дар бораи Барномаи вилоятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2023» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят,  рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 августи соли 2017, №160 «Дар бораи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021» дар вилоят, ҳисоботи сардори раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти  Хатлон №264 аз 19 октябри соли 2015 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №737 аз 19 декабри соли 2014 «Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
31 март иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят барпо мешавад

31 март иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят барпо мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА