Дар як сатр
» » 2 бародар 2-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

2 бародар 2-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

19-06-2018, 08:05

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди ноҳияи Вахш ҳукми худро нисбати 2 бародар эълон кард.

Бино ба иттилои Аҳлиддин Назарзода, судяи Суди ноҳияи Вахш, бародарон Партоев Қурбоналӣ Наҷибуллоевич соли таваллудаш 1987 ва Партоев Тоҳир Наҷибуллоевич  соли таваллудаш 1990  истиқоматкунандагони Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш, аз рӯйи хусумати шахсӣ матои рангаш сиёҳро харидорӣ намуданд, ки он шабоҳат ба парчами «Давлати исломӣ»-ро дошта, яъне  бо ин роҳу усул хостаанд Нусратулло Саидов, роҳбари Кооперативи истеҳсолии «Истиқлол- 2001»-ро туҳмат намоянд.

Аҳлиддин Назарзода зимни қироати ҳукм гуфт, ки Қурбоналӣ Партоев бо кирдорҳои барқасдонаи худ рӯзи 9-уми январи соли 2018 аз бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар матои рангаш сиёҳ, қуттиҳои иборат аз рангҳои сафед ва сиёҳро харидорӣ намуда, як қисмати матоъҳои сиёҳро тавассути чевар бо порчаҳои алоҳида тақсим намуда, онро дӯзонидаанд.

«Аввалҳои моҳи феврали соли 2018  Қурбоналӣ Партоев 5 адад байрақҳои шабоҳат ба парчами ташкилоти эксремистӣ – террористии «Давлати исломӣ»  омоданамудаашонро  аз манзили зисташон гирифта, дар якҷоягӣ бо бародараш Тоир Партоев бо нияти ғаразнок ба Нусратулло Саидов, ки гӯё номбурда барояшон замини наздиҳавлигӣ ҷудо накардааст, ба бинои Кооперативи истеҳсолии «Истиқлол 2001» бурда, аввал ду адади парчами сиёҳро ба болохонаи утоқи мусоҳиботи Кооперативи истеҳсолии «Истиқлол 2001» ва сипас, се адади парчами дигарро ба болохонаи утоқи кории роҳбари хоҷагии мазкур овезон намудаанд. Баъд аз он, ин ду бародар ба кормандони шуъбаи дар ноҳияи Вахшбудаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, оид ба ҳолати ҷой доштани парчамҳои шабоҳат ба «Давлати исломӣ»-ро дар болои бинои Кооперативи истеҳсолии «Истиқлол- 2001» хабар додаанд», - омадааст дар ҳукми Суди ноҳияи Вахш.

Коллегияи судӣ бо далелҳои дар мурофиаи судӣ бадастоварда, кирдори судшавандаҳо Қурбоналӣ Партоев ва Тоир Партоеро дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 346 қисми 2, бандҳои «а, б, в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор донист.

Суди ноҳияи Вахш, бар пояи ин ҳукм, айбдоршавандагонро ба муҳлати 2-солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶИЯНИ С. НУРӢ: «МАРО КАСЕ БОЗДОШТ НАКАРДААСТ»

ҶИЯНИ С. НУРӢ: «МАРО КАСЕ БОЗДОШТ НАКАРДААСТ»

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ

Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудани сокинони Норак

Аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудани сокинони Норак

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Оғози мурофиаи судии 13 нафари гумонбар ба барафрохтани парчами «Давлати ис ...

Оғози мурофиаи судии 13 нафари гумонбар ба барафрохтани парчами «Давлати ис ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР