Дар як сатр

Рашку ғараз

20-06-2018, 07:56

Моҳпораро барои 25 сол ба маҳбас бурд

Ҳамеша нақши асосиву барозандаро дар оила зан мебозад. Зеро зебоӣ, меҳрубонӣ, маърифатнокӣ  хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли оила фарру шукӯҳ мебахшад. Аммо дар ҷомеа ҳастанд занҳое, ки бо кирдорҳои нангин аз тарафи баъзе мақоми занро дар ҷомеа доғдор менамоянд. Яке аз чунин занҳо сокини деҳаи Турдишайхи Ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ Ҳиматова Моҳпора мебошад. Ин зани  38- сола  ҷинояти махсусан вазнин содир намуда, ба суботу осоиши  оилае, ки ӯро ҳамчун зани покдоман эътироф карданд, ангушти заҳролуд зад.

 

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои "а,в,ж,и”, 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои "а,в,ж,и” ва 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бо ҷурми одамкушӣ, қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, нисбати ду шахс ё бештар аз он, куштани шахси баръало ноболиғ, куштан бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок ва куштани одам бо мақсади ғаразнок, барои сӯиқасди одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ду шахс ё бештар аз он, инчунин барои бо роҳи таҳдид ба худкушӣ расонидани шахс Моҳпора Ҳиматоваро гунаҳгор дониста, ба вай барои содир кардани ин кирдорҳои нангин ҷазои 25 сол маҳрум сохтан аз озодиро раво дид.

Моҳпора Ҳиматова  барои он гунаҳгор дониста шуд, ки соли 2014 бо Насриддинов Мирзошо, сокини деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти  ба номи К.Сайфудинови ноҳияи Панҷ оила барпо намуда, ҳамроҳи наздикони шавҳараш, яъне бародари шавҳараш Насриддинов Мирхӯҷа ва аҳли оилаи ӯ зиндагонӣ менамуд. Муддати чанде ҳангоми ҳамсар ва фарзандони бародари шавҳараш Насриддинов Мирхӯҷа ба хонаи хушдоманаш деҳаи Шахмати Ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ рафтан ва аз рӯзи аввали шиносоӣ ба ӯ ошиқ шудан, дар қаъри шаб ба ҳуҷраи хоби ҳевараш даромада таклиф кардааст, ки бо вай ҳамхоба шавад. Насриддинов Мирхӯҷа бо мақсади ҳифзи обрӯи бародараш Насриддинов Мирзошо таклифи вайро рад карда, Ҳиматова Моҳпораро аз ҷойгоҳи хобаш рондааст.

Аз ин  рафтори ӯ Моҳпора Ҳиматова ба ғазаб омада, ҳиссиёти рашк, нафрат ва хусумат, нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани Мирхӯҷа ва аъзои оилаи ӯ, инчунин ба даст овардани манзили истиқоматии онҳоро тарҳрезӣ намудааст.

Сипас, вай бо мақсади амалӣ намудани нақшаи тарҳрезикардааш дар моҳи Рамазон, нисфирӯзӣ бо хоҳиши шавҳараш Мирзошо, барои аҳли оилаи ҳевараш Мирхӯҷа, ки бояд аз кори саҳро ба хона бармегаштанд, хӯрок тайёр карда, нону хӯроки мазкурро пинҳонӣ бо доруи заҳрноки пайвастаги-ҳои фосфордор, ки барои несту нобуд кардани ҳашароти зараррасон (афлотаксин В1) дар оғили хонаашон нигоҳ дошта мешуд, омехта  заҳролуд намудааст.

Моҳпора қасди ҷинояткоронаи худро давом дода, дидаю дониста, ки аз нон ва таоми тайёркардааш аъзои хурдсоли оилаи ҳевараш низ истеъмол намуда, ба ҳалокат расиданашон мумкин аст, новобаста аз ин, баъди аз саҳро баргаштани Нас-риддинов Мирхӯҷа бо ҳамсараш ва дигар аъзои оилаашон бо мақсади бо роҳи заҳролудкунӣ аз ҳаёт маҳрум сохтани онҳо хӯрок ва нони қаблан заҳролуднамудаашро барои истеъмол ба дастархон гузоштааст, ки аз ин ғизо шавҳараш Насриддинов Мирзошо, бародараш Насриддинов Мирхӯҷа ва дигар аъзои хурду калони оилаашон истеъмол карда, заҳролуд мешаванд. Онҳоро дар беморхонаи ноҳия бистарӣ намуда, аз дами марг наҷот медиҳанд, аммо ҳевараш Насриддинов Мирхӯҷа дар натиҷаи заҳролудшавии шадиди бадан бо маводи сахттаъсири афлотоксин В1 ба ҳалокат мерасад.

Боз такроран Моҳпора дар ҳамон вақту ҷой, бо ҳамон тарзу усули зикргардида ва бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани шавҳараш Мирзошо, фарзандони апаи шавҳараш ва домоду се фарзанди ноболиғашон, ҷамъ 9 нафар аъзои оилаи шавҳарашро заҳролуд менамояд.

7 сентябри соли 2014 Ҳиматова Моҳпора кирдорҳои қасдонаи худро давом дода, кулчаву ноне, ки барои маросими серӯзагии марҳум тағои шавҳараш мебоист барад, заҳролуд карда, ду адад нони заҳролудшударо ба хонаи ҳамсояаш, ки маърака доштааст, фиристода, як қисми дигари нонҳои пухтаашро бо таом ба назди оила ва фарзандони ҳевараш марҳум Насриддинов Мирхӯҷа мондааст ва худаш  пешниҳоди таом хӯрданро  рад карда, баромада рафтааст.

Бо вуҷуди он ки Моҳпора қаблан аз шавҳари якумаш ҷудо шуда, бори дуюм бо Насриддинов Мирзошо оила барпо намудааст, бо собиқ шавҳараш низ мулоқот ва вохӯрӣ мекардааст. Аз ин кирдори нангинаш хоҳари шавҳараш огаҳӣ ёфта, ба Моҳпора мегӯяд, ки вай дар никоҳи бародараш мебошад ва айб аст, ки бо дигар мардҳои бегона мулоқот мекунад. Аммо дар ҷавоб Моҳпора доду фиғон карда, мегӯяд, ки хоҳари шавҳараш вайро туҳмат карда истодааст. Ин доду фиғони вайро ҳамсоягон мешунаванд ва Моҳпора аз хона бо доду фиғон баромада меравад. Баъди аз ҳавлӣ баромада рафтани Моҳпора хоҳари шавҳараш ва дигар аъзои хурдсоли оилаи шавҳараш нони заҳролудшударо истеъмол карда заҳролуд мешаванд, ки дар натиҷа ҳамаи онҳо дар беморхона бистарӣ мегарданд. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ як узви хурдсоли оилаи Насриддинов Мирзошо-Насриддинова Тахминаи  якунимсола аз заҳролудшавии бадан аз заҳрхимикатҳои пайвастагиҳои фосфордори БИ-58 ба ҳалокат мерасад.

Ҳамон вақт дар хонаи ҳамсояаш, ки маърака буду ду адад нонро Моҳпора ба онҳо фиристода буд, як ададашро ҳамсояаш ба хонаи худ мебарад. Дар натиҷа аъзои он оилаи ҳамсояаш низ  заҳролуд шуда, дар беморхона бистарӣ гардида, хушбахтона, наҷот меёбанд.

Аз маъракаи тағояш хоҳари Насриддинов Мирзошо тариқи телефони мобилӣ занг зада хабар медиҳад, ки дар маърака меҳмононе, ки охирин омада буданд, аз истеъмоли кулчаву нон заҳролуд шудаанд, хушбахтона, касе аз ин заҳролудшавӣ ба марг нарасид.

Заҳролудшавӣ ва ҷон бохтани аъзои хонаводаи  Мирзошо як фоҷиаи нангин барои оила ва аъзои ӯ буд.

Ҳангоми санҷиши ин ҳодисаи фоҷиабор аз тарафи ШВКД ва прокуратура, аъзои оилаи Мирзошо ва худи Моҳпора барои пурсиш даъват карда мешаванд. Моҳпора ба Мирзошо таҳдид карда, мегӯяд, ки агар нисбати вай нишондод диҳад, ӯро ҳам барои сӯиқасд ба ҷони аъзои оилааш ҳамчун шарики ҷинояти содиршуда туҳмат карда, нисбаташ нишондоди бардурӯғ медиҳад. Аз ин гуфтори Моҳпора шавҳараш Мирзошо ба хонаи худ омада, ба аъзои оилаи худ ҳолати корро фаҳмонда ва аз тарси таҳдиди ҳамсараш Моҳпора дар ҳузури аъзои оилааш бо мақсади худкушӣ бо корд ба шиками худ зада, ба худ ҷароҳатҳои вазнин мерасонад, ки он боиси маргаш мегардад.

Дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи Ҳиматова Моҳпора дар содир намудани ҷинояти қасдона ва бо ғараз, аз қабили одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, нисбати ду шахс ё бештар аз он, куштани шахси баръало ноболиғ, куштан бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок ва куштани одам бо мақсади ғаразнок, барои сӯиқасди одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ду шахс ё бештар аз он, куштани баръало ноболиғ, куштани одам бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок  ва куштани одам бо мақсади ғаразнок, инчунин барои бо роҳи таҳдид ба худкушӣ расонидани шахс пурра тасдиқи худро ёфт.

Суд, ки мақоми таъминкунандаи адолат дар ҷомеа мебошад, ин кирдорҳои Ҳиматова Моҳпораро дар асоси қонун банду баст намуда, вобаста ба дараҷаи хавфнокии кирдори содирнамудааш ба вай ҷазои сазовор тайин кард. Ҳукми судро ба аҳли ҷомеа маълум намуд, ки ҳеҷ як кирдори ғайриқонунӣ беҷазо намемонад.

          

Рустам Мирзозода,

раиси Суди вилояти Хатлон,

        Ҳангомаи Исмат,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

2 бародар 2-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

2 бародар 2-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ