Дар як сатр
» » Бемории ҳорӣ ва оқибатҳои он

Бемории ҳорӣ ва оқибатҳои он

16-06-2018, 07:54

Бемории ҳорӣ бемории шадиди вирусӣ буда, аз ҳайвон ба одам мегузарад. Ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ҳамасола ба қайд гирифта шуда, ба гурӯҳи бемориҳои ниҳоят хавфнок дохил мешавад. Бемории ҳорӣ бо аломатҳои обтарсӣ, рӯшанитарсӣ, садотарсӣ, шамолтарсӣ пайдо шуда, ба омос ё газаки майнаи сар (энсеофалит) шабоҳат дорад.

Ҳар сол дар дунё зиёда аз 55000 одам аз ин беморӣ ба ҳалокат мерасанд. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ то 1500 нафар шаҳрвандон аз газидани ҳайвоноти дайду осеб мебинанд ва дар 100-160 ҳолат аз ин ҳайвонҳо вируси бемории ҳорӣ тариқи ташхиси лабораторӣ дар-ёфт карда мешавад.

Давраи инкубатсионии бемории ҳорӣ аз 10 то 90 рӯз, дар баъзе мавридҳо то 1 солро ташкил дода, муҳлат ва пайдоиши аломатҳои аввалини беморӣ аз минтақаҳои ҷойгиршавии ҳолат ва андозаи осеббинии бадан чӣ қадар ба майнаи сар ҷойи осебгирифта наздик бошад, хамон қадар муҳлати пайдоиши аломатҳои беморӣ кӯтоҳ мегардад ва ба синну соли шахси осебгирифта низ алоқамандии зич дорад. Давраи инкубатсионӣ ва афзоиши вирус дар кӯдакон ва пиронсолон нисбат ба дигарон кӯтоҳ мебошад.

Аз ин рӯ, ба шаҳрвандон тавсия медиҳем, ки дар ҳолати газидани ҳайвоноти кӯчагӣ ва хонагӣ ҳатман ба духтур муроҷиат намуда, саривақт эмгузаронӣ намоянд, зеро баъди пайдо шудани аломатҳои беморӣ беморро табобат намудан ғайриимкон мебошад. То имрӯз табобати махсус барои ин беморӣ мавҷуд нест. Манбаи асосии табиии пайдоиши бемории ҳорӣ ҳайвонҳои дарранда, ба монанди гург, шағол, рӯбоҳ, инчунин ҳайвонҳои хонагӣ саг, гурба, гов, маркаб, асп, муши хонагӣ шуда метавонад.

Сарчашмаи пайдоиши бемории ҳорӣ барои одам ҳайвонҳои мубталои бемории ҳорӣ буда, дар ҳолати осеб расидан, харошидан ва бо луоби даҳон вирус метавонад ба воситаҳои қатраҳои луоби даҳони ҳайвонҳо ба ҷои осебдидаи бадани одам гузарад. Сироятёбӣ на фақат баъди осеббинӣ ба амал меояд, балки дар сурати аз луоби даҳони ҳайвони беморолуда шудани пӯсти бадани инсон ба вуҷуд меояд.

Вирус дар бадани одам бо суръати тез афзоиш ёфта, миқдораш зиёд мешавад ва вирус ба воситаи тораки асаб сӯйи майнаи сар ҳаракат карда тағйироти вазнини барқароршавандаи инсонро ба вуҷуд меорад.

Авҷгирии бемории ҳорӣ аз якчанд марҳила иборат аст. Марҳилаи саршавӣ 1-3 рӯз буда, ҳарорати бадан баланд мешавад. Бемор рӯҳафтода, бехобӣ, хотирпарешонӣ ва аз 2 то 4 рӯз зиёдшавии вирус бошидат авҷ гирифта, ба воситаи тораки асаб ҳамаи системаи асабро хароб мекунад. Дар натиҷа, кашиш ва фалаҷи мушакҳои гулӯ ва дил ба ҳалокати бемор оварда мерасонад.

Нақшаи эмгузаронӣ бар зидди ҳорӣ аз рӯзи аввалин3- юм, 7-ум, 14- ум, 30- юм ва 90-ум рӯзҳо гузаронида мешавад.

Пешгирии бемории ҳорӣ кори натанҳо кормандони соҳаи тиб аст. Ин бемории марговар ҳамон вақт пурра нест карда мешавад, ки агар ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ, духтурони байторӣ, хоҷагиҳо, марказҳои ташакккули тарзи ҳаёти солим ва воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ мунтазам ташвиқу тарғиботро ба анҷом расонанд.

А. Қувватов,

мудири шуъбаи ҷарроҳии

КАТС- и ноҳияи Вахш,

Т. Назаров,

мудири кафедраи «Кори ҳамширагӣ» - и коллеҷи тиббии

шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хуруҷи бемории домана дар Бохтар (видео)

Хуруҷи бемории домана дар Бохтар (видео)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ
Рӯзҳои эмгузаронӣ бар зидди сурхча

Рӯзҳои эмгузаронӣ бар зидди сурхча

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
559 мубталои бемориҳои сироятӣ

559 мубталои бемориҳои сироятӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст

Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст

Тандурустӣ ва экология