Дар як сатр
» » Ҳифзи ҳаёт ва солимии кӯдакон ҳадафи мост

Ҳифзи ҳаёт ва солимии кӯдакон ҳадафи мост

12-06-2018, 07:43

Бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат пайваста кор мебаранд, то ҳуқуқи истеъмолкунанда поймол нагардад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 2016, Регламенти техникии «Бехатарии бозичаҳо» дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ» таҳия шуда, талаботи ҳатмиро ба сифати бозичаҳо бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон ва шахсони нигаҳбони онҳо, ҳамчунин огоҳ намудан аз амалҳое, ки истифодабарандагони бозичаҳоро нисбат ба таъ-йиноти бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист ба иштибоҳ мебаранд, муқаррар мекунад. Аз нигоҳи дигар, солим ба камол расидани кӯдакон ва ҳифзи ҳаёти онҳо яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мебошад. Дар ин радиф, бо мақсади иҷрои қонун ва қарори номбурда, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он дар бозору марказҳои тиҷоратии шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, ба фурӯшандаҳо ва соҳибкорони ватанӣ мефаҳмонанд, ки талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Регламенти техникии «Бехатарии бозичаҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ»-ро қатъӣ риоя намоянд. Ба ҷумҳурӣ бояд он бозичаҳое ворид гардад, ки ба саломатии кӯдакон зиёновар набошад.

Мутахассисони мақомоти «То-ҷикстандарт» дар вилояти Хатлон дар баробари пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ он бозичаҳоеро, ки ба ҳаёти кӯдак ва саломатии ӯ зиёновару хатарнок мебошанд ва ба талаботи регламенти техникии бехатарии бозичаҳо ҷавобгӯ нестанд, аз муомилот бозмедоранд.

Беш аз 9 ҳазор адад бозичаҳои кӯдакона, ки аз рӯйи сифат, бехатарӣ ва тамғагузорӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бехатарии бозичаҳо» мутобиқ набуданд, несту нобуд карда шуданд.

 

Аҳтамшои МИРЗОШО,

 Фурқати СИКАНДАРӢ,

магистрантони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ғизои носолим - сарчашмаи бемориҳо

Ғизои носолим - сарчашмаи бемориҳо

Тандурустӣ ва экология
Дорувории муҳлаташ гузашта нобуд карда шуд

Дорувории муҳлаташ гузашта нобуд карда шуд

Тандурустӣ ва экология
Ғизои солим-кафили саломатии модару кӯдак

Ғизои солим-кафили саломатии модару кӯдак

Тандурустӣ ва экология
Истеъмолкунандагон оё ҳуқуқҳои худро медонанд?

Истеъмолкунандагон оё ҳуқуқҳои худро медонанд?

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР