Дар як сатр
» » «Ҳоҷӣ пиёда»

«Ҳоҷӣ пиёда»

16-06-2018, 07:40

Ҷаҳонро пойи пиёда сайр мекунад

ДАРИЧАИ ОШНОӢ:

Абдулазиз Раҷабов таълимдидаи Омӯзиш-гоҳи касбӣ-техникии №5 (солҳои 1964-1966) буда, баъдан соли 1971 техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва факултети педагогика ва психологияи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳозира ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)-ро ғоибона соли 1981 хатм намудааст. Чанд муддат дар мактаби варзишии бачагонаи зодгоҳаш мураббии гӯштини тарзи озод буд. Ҳамчунин, Устоди варзиши Иттифоқи Советӣ, Корманди шоис-таи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод (солҳои 1965, 1966 ва 1967) ва собиқ корманди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

 

Абдулазиз Раҷабов, ҷаҳонгарди 70-солаи тоҷик, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, маъруф бо номи "Ҳоҷӣ Пиёда” 13 сол аст, ки чун сайёҳи собиқадор Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Мавсуф аз зумраи он нафаронест, ки дилбастагӣ ба сайри ҷаҳон дошта, зиёрати ҷойҳои муқаддасро ҳадафи зиндагии худ қарор додааст. Баъди пойи пиёда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардиданаш, тахаллуси "Ҳоҷӣ Пиёда”-ро гирифт. Аз соли 2006 то инҷониб пиёда се маротиба Каъбаро зиёрат намудааст.

- Аз хурдӣ орзу мекардам, ки ҷаҳонгард шавам, - гуфт зимни суҳбат Абдулазиз Раҷабов. - Солҳои зиёд ин орзуро дар дил мепарваридам. Зеро бисёр шунида ва аз китобҳо хонда будам, ки гузаштагони мо бо аспу шутур ё пиёда тавассути Шоҳроҳи бузурги абрешим ба зиёрати Каъба мерафтанд. Аз ин рӯ, назди худ мақсад гузоштам, ки ин анъанаи гузаштагонамонро идома диҳаму тарғибгари урфу одат ва анъанаҳои миллии  кишварам бошам. Ҳамеша барои таблиғи Тоҷикистони азиз парчами кишварро бо худ мегирам.

Аввалин сафари "Ҳоҷӣ Пиёда” солҳои 2005-2006 бо хатсайри Федератсияи Россия- Тотористон-Доғистон- Озарбойҷон-Гурҷистон-Туркия-Сурия-Урдун-Арабистони Саудӣ оғоз гардид, ки тақрибан 9 моҳу 12 рӯзро дар бар гирифт.

- Дар сафари нахустинам бо мири шаҳри Макка Абдулло Довуд ал-Файз вохӯрдам ва бо дастгирии ӯ ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидам, - афзуд ӯ.  - Дар ин сафар 5 нафар будем, танҳо ман тоҷик будам. Соли 2012 сафари дуюмам аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти Афғонистон-Эрон-Дубай-Абу Дабӣ ва Арабистони Саудӣ оғоз ёфт ва 6 моҳу 15 рӯз давом кард. Саёҳати сеюмам соли 2013-ум 7 моҳ  давом кард, ки тавассути Афғонистон- Покистон-Ҳиндустон-Шри-Ланка-Дубай ва Арабистони Саудӣ сурат гирифт. Дар панҷ сафарам се маротиба ба зиёрати Каъба рафтам.

Аз Абдулазиз Раҷабов пурсидам, ки пули сафарашро аз куҷо пайдо мекунад? Чунин посух дод: "Ҳамаи маблағ аз пасандози худам мебошад. Тақрибан дар ҳар сафар барои мо 1500 доллари амрикоӣ зарур аст. Аз ин миқдор 600 доллар барои харҷи ҳуҷҷатгузорӣ ва боқимонда барои хӯрока сарф мешавад. Дар роҳ, агар бе пул монем, ҳамроҳи бачаҳо кор мекунем, зеро ҳамаи онҳо соҳибкасб ҳастанд. Дар як шабонарӯз 12 соат ҳаракат ва 12 соат истироҳат мекунем. Ҳамроҳи худ чангак (шасти моҳигирӣ) дорем, ки дар роҳ шикор мекунем.

Ин ҷаҳонгарди тоҷик мегӯяд, ки баъди сафари зиёд як чизро мушоҳида намудааст, ки яке аз мушкилоти асосии сокинони сайёра таъминоти оби ошомиданӣ мебошад, ки беш аз 80 давлати дунё аз норасоии оби соф танқисӣ мекашанд. "Ин масъала дар давлатҳои араб ва Исроил низ мушоҳида мешуд. Зеро обҳои онҳо шӯр ва ё талх аст. Аз ин рӯ, онҳо маҷбуранд, оби тозаро аз дигар давлатҳо харидорӣ намоянд. Мо ба онҳо муаррифӣ менамоем, ки Тоҷикистон кишвари сероб буда, дорои захираҳои зиёди обист.  Кишвари мо дорои даҳҳо дарё, рӯдҳои сероб, пиряхҳо ва чашмасорони мусаффо мебошад, ки  метавонад сайёҳонро ба сарзамини мо ҷалб кунад”, - идома дод ӯ.

 

Аз ҷаҳонгардӣ то

зиёрати ҷойҳои муқаддас

Зиёрати ҷойҳои муқаддас барои Абдулазиз Раҷабов як шуғли таркнашуданӣ ва писандида аст. Ӯ то имрӯз зиёда аз 40 давлати дунёро дидан намудааст. Дар ин бора мегӯяд: "Дар ҳама сафарҳои сайёҳиям кӯшиш мекардам, ки оромгоҳи бузургонро зиёрат намоям. Яъне, тӯли сафарҳо имконият даст дод, ки дар Мазори Шариф ба зиёрати оромгоҳи ҳазрати Алӣ, дар шаҳри Ҳирот оромгоҳи Абдураҳмони Ҷомиву Алишери Навоӣ, дар шаҳри Тӯс оромгоҳи Абулқосим Фирдавсӣ, дар Машҳад оромгоҳи Имом Ризо, дар шаҳри Нишопур зиёрати оромгоҳи Умари Хайём, дар Ҳамадон оромгоҳи Абӯалӣ ибни Сино, дар шаҳри Шероз зиёрати оромгоҳи Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, Тахти Ҷамшед, нақши Рустам барин бузургон шарафёб гаштам”.

Ба андешаи ин ҷаҳонгарди тоҷик,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои тамошобоби табиӣ, мавзеъҳои таърихиву истироҳатӣ хеле зиёданд. Манзараҳои дилфиребу кӯҳҳои сарбафалаккашида, осорхонаҳо, анъанаҳои миллӣ, истироҳатгоҳҳо, шикори ҳайвонот ва обҳои шифобахш диққати сайёҳону кӯҳнавардон, истироҳаткунандагону табобатгирандагонро ба худ ҷалб намудааст ва ба ҳамин хотир хориҷиён зуд-зуд ба сарзамини мо ташриф меоранд.

- Ба наздикӣ аз мавзеи сайёҳии "Сари хосор”-и ноҳияи Балҷувон дидан намуда, бо комплекси меҳмоннавозии онҳо шинос шудам, - иброз дошт "Ҳоҷӣ Пиёда”. - Сокинони ин минтақа омодаанд, ки барои як-ду моҳ барои 20-25 нафар сайёҳ дар хонаҳои худ шароит муҳайё кунанд. Онҳоро ба хӯрокҳои миллӣ таъмин намоянд. Яъне, имрӯзҳо инфрасохтор барои қабули сайёҳон дар кишварамон муҳайёст.

 

«Ҳоҷӣ Пиёда» дар саҳифаҳои матбуоти ҷаҳон

Имрӯзҳо достони ҷаҳонгардии "Ҳоҷӣ Пиёда” дар расонаҳои дохил ва хориҷи кишвар гардиш мехӯрад. Аз ҷумла, рӯзномаҳои «Олимпӣ», «Фабула», «Ахбор», «Урдун», «Менора», «Пайки олимпӣ», «Вести», «Ар-Риёз», «Маккаи Мукаррама», «Дубай», «Тоҷикони Россия», «Замон», «Садои дил», «Молодежь Дагестана», «Садои мардум», «Азия-плюс», «Народная газета», «Кулябская правда», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Зафар»  ва ғайраҳо дар бораи ҷаҳонгарди тоҷик матлаб ба табъ расонидаанд.

Ба Абдулазиз Раҷабов тӯли сафарҳояш муяссар шудааст, ки бо собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, собиқ Президенти Доғистон Рамазон Абдулатипов, собиқ раиси шаҳри Макка Абдулло Довуд ал-Файз, раиси вилояти Балхи Афғонистон Ато Муҳаммади Нур, бо ситораи Болливуд Амитабҳ Баччан, раиси Маркази байналхалқии фарҳангии собиқ зодагони Россия ва Осиёи Марказӣ Михаил Кимёгаров, узви Конгресси яҳудиёни Бухоро ва ИДМ Яъқуб Петрович Левиев ва дигарҳо вохӯрӣ доштаву мулоқот намояд.

Тавсияи ҷаҳонгарди тоҷик ба ҷавонон ин аст, ки забони англисиро омӯзанд. Ҳарчанд омӯхтани забони русӣ хуб аст, донистани забони англисӣ дар сайри ҷаҳон бештар ба кор меояд.

 

Орзуи вохӯрии

ҷаҳонгарди тоҷик бо «Шоҳи футбол»

Имсол ин  ҷаҳонгарди тоҷик ният дорад, ки бо як гурӯҳи панҷнафара ба 20 давлати дунё сафар намоянд. Вале то ҳол се тан аз ҳамроҳонаш, яке аз надоштани шароити иқтисодӣ ва дигарон аз хуб набудани вазъи саломатӣ аз сафар даст кашидаанд. Дар ин сафар ӯро Нуралӣ Мирзоев, сокини шаҳри Норак ҳамроҳӣ мекунад.

Абдулазиз Раҷабов дар суҳбат бо рӯзномаи "Хатлон” гуфт, ки пиёда аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз рӯйи хатсайри Кӯлоб, Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро (зиёрати Ал Бухорӣ), Москва, Белоруссия, Полша, Германия, Франсия, Испания (вохӯрӣ бо ситораи футбол Роналду), Амрико, Канада, Куба, Бразилия (вохӯрӣ бо шоҳи футбол Пеле), Аргентина (вохӯрӣ бо Диего Марадона), Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Эрон, Афғонистон сафар мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, сафарашон тақрибан 2 сол тӯл мекашад.

Ба онҳо барор мехоҳем. 

Фаромӯз Бобоев,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аввалин қатора аз Кӯлоб роҳии Маскав шуд

Хабарҳо
Об - сарчашмаи ҳаёт

Об - сарчашмаи ҳаёт

Номаҳои Шумо
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
То 35-солаҳо ба ҳаҷ намераванд?

То 35-солаҳо ба ҳаҷ намераванд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР