Дар як сатр

Ҳалвои суннатӣ

14-06-2018, 07:11

Бо наздик омадани иди саиди Фитр занҳо дар тараддуди омода кардани таомҳои миллӣ ва ҳар гуна шириниҳо барои дастурхони идона мешаванд. Пухтани чапотию кулча, орзуқу ҳалво дар рӯйхати аввали ғизоҳои идона ҷой дорад. Кадбонуҳои тоҷик маҳз дар рӯзҳои ид талош мекунанд, ки маҳорати пазандагии худро ба намоиш гузошта, бо таҳияи анвои гуногуни ғизоҳои хуштаъми миллӣ аз ҳунармандии худ дарак диҳанд. Яке аз чунин маводи мазадори истеъмолӣ ҳалво аст, ки қариб дар ҳама дастархони идона ба мушоҳида мерасад.

Ҳалво номи умумии шираворест, ки аз шакар, орд, асал, равған, мавизу бодом, чормағз бо омехтани ҳар гуна адвиёти хушбӯй тайёр карда мешавад. Ҳалвои суннатиро дастӣ таҳия мекунанд ва шахси пазандаи ҳалворо миёни мардум ҳалвопаз ва дар баъзе ҷойҳо ширинипаз ва қандалотчӣ низ ном мебаранд.

Ҳалвогарӣ яке аз намунаҳои зебои ҳунари пазандагии кадбонуҳои тоҷик маҳсуб гардида, ғизои хоси миллии мо - тоҷикон аст. Барои пухтани ҳалвои сурх, ки бештар дар рӯзи идҳои Рамазону Қурбон омода мешавад, шакару орду равған ва вақти муайян лозим аст. Бояд гуфт, ки  ҳалво таомест, на ҳар зан онро омода карда метавонад. Барои соҳибном шудан дар ҳалвопазӣ бояд назди зани калонсоле, ки дар ин кор моҳир аст, рафта ин ҳунарро омӯхт. Сирри хуштаъм омода кардани ҳалворо касе медонад, ки ӯ солҳо ба ин кор машғул аст. Зеро, агар аз уҳдаи пухтани ҳалво набароед, яъне хамираи ҳалво хом бимонаду ранги сурхи хоси ба ҳалво монандро нагирад, ё ширин наояд, ҳалвои шуморо касе истеъмол карда наметавонад.

Навъҳои ҳалво гуногунанд, ки аз як қисми онҳо танҳо номашон боқӣ мондаанд. Қисми дигари ҳалвоҳо то ба имрӯз дар миёни тоҷикони манотиқи гуногуни Осиёи Марказӣ маъмул мебошанд. Номи ҳалвоҳои маъмулӣ инҳоянд: ҳалвои сафедак, ҳалвои сурхак, ҳалвои ширӣ, ҳалвои кунҷидӣ, тарҳалво, ҳалвои ришта, парварда, ҳалвои пашмак (мӯяк), ҳалвои лавз, ҳалвои бодомӣ, ҳалвои чормағзӣ, ҳалвои пистагӣ, ҳалвои қандак, ҳалвои қоқтӣ, печак, ҳалвобашир, ҳалвои бедуд, ҳалвои барӯған, ҳалвои мағзӣ, ҳалвои қандӣ, ҳалвои шӯхак, ҳалвои умочак, ҳалвои оби дандон, ҳалвои оби набот, нишолло ва ғайра.

Чи тавре ки аз номи ҳалвоҳо бармеояд, мардум номи онҳоро вобаста ба таркибашон (масалан, ҳалвои бодомӣ, ё чормағзӣ) ва баъзан аз рӯйи шаклашон муносиб донистаанд. Дар Тоҷикистон бештар ҳалвои сурхак, ҳалвои сафедак, ҳалвои регак, ҳалвобашир, тарҳалво, ҳалвои кунҷитӣ, парварда ва ғайраҳо маъмуланд. Масалан, дар вилояти Хатлон дар маросими идҳои Рамазону Қурбон ва ҷашнҳои арӯсӣ бештар ҳалвои сурх ва ҳалвои кунҷитиро омода мекунанд. Дар шимоли Тоҷикистон баъди дафни майит тарҳалво мепазанд, то аҳли байти майит дигар мусибат набинанд ва бӯйи ҳалво низ амали савоб ҳисоб меёбад. Дар тӯю маъракаҳо бошад, дар баробари тарҳалво, инчунин парварда омода месозанд. Дар Бадахшон бошад, ҳалвои сафедро ба таври аъло омода месозанд, шояд касе чун занҳои бадахшонӣ ҳалвои сафедакро болаззат омода карда натавонад. Дар вилояти Хатлон бештар ҳалвои сурх, ҳалвои кунҷитӣ ва ҳалвои регакро хуштаъм омода месозанд. Ин хӯрокро ҳангоми гусели арӯс ба хонаи домод ҳамчун ҳадяи ширин бо орзуи хушбахтии навхонадорон омода карда мебаранд.

Ҳарчанд дар даҳсолаҳои охир технологияи истеҳсоли шириниҳо рушд кардааст ва анвои зиёди шираворӣ дар мағозаву бозорҳо ба фурӯш гузошта шудаанд, ҳанӯз ҳам навъҳои гуногуни ҳалво дар байни мардум пухта мешаванд ва истеъмолкунандагони худро доранд. Ҳалвоҳои суннатии тоҷикон пурра аз маҳсулоти тозаи органикӣ тайёр карда мешаванд ва онҳо барои тандурустии инсон хатаре надоранд. Маҳз ҳамин ҷиҳатро бояд ба назар гирифта, мо ҳалвоҳои суннатиро бештар таблиғу тавсиф намуда, ба рушду такомули истеҳсоли онҳо мусоидат намоем. Эҳё кардани баъзе анвои ҳалво ва тараққӣ додани санъати ҳалвопазии маҳаллӣ аз чанд ҷиҳат судманд мебошад.

Аз тарафи дигар, ба андешаи бибикалонҳои мо, пухтани ҳалво дар идҳои Рамазону Қурбон амали хайру савоб ҳисоб меёбад. Ба баровардани бӯйи хуши ҳалво дар арафаи ид гӯё ҳафт пушти он хонаводаро шафоат мекарда бошад. Аз ин лиҳоз, мо  бояд анъанаи гузаштагони хешро давом диҳем. Мо- занҳо бояд тарзи пухтани таомҳои миллиро бештар аз худ кунем. Аз занҳои калонсоле, ки ҳамчун кадбонуи моҳир шинохта шудаанд, бештар омӯхтанамон лозим аст.

Масъули гӯша

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Тути балхӣ» - яке аз беҳтарин анвои тут

«Тути балхӣ» - яке аз беҳтарин анвои тут

Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД , ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Тасвири Наврӯз дар осори бузургон

Тасвири Наврӯз дар осори бузургон

Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА