Дар як сатр
» » «Оби ошиқ» сероб шуд

«Оби ошиқ» сероб шуд

16-06-2018, 07:05

Тӯли даҳсолаҳои охир сокинони деҳаи «Оби ошиқ»-и Ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар мавзеи кӯҳӣ ҷойгир аст, аз нарасидани оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашиданд. «Оби ошиқ» ном гирифтани ин деҳа низ аз надоштани манбаи оби ошомиданӣ маънидод мешавад. Ин вазъи ногуворро сокини ҳамин деҳа домулло Кенҷақул Азимови 53- сола медид ва азоби беобиро дар оилаи худ ва ҳамсояҳо ҳис менамуд. 

Кенҷақул Азимов барои ҳалли ин мушкилот назди худ мақсад гузошт, ки  ба деҳа хатти об мекашад. Ӯ ҷиҳати амалисозии мақсади наҷибаш ба сокинони маҳал муроҷиат намуд, ин кори савобашро дастаҷамъона ба сомон расонанд. Ин иқдоми  ӯро  сокинони дигар-Ҳикматулло Шодиев, Файзалӣ Кокулиев, Салим Шеров, Бобоҷон Аминов ва чанде дигарон дастгирӣ намуданд.

Сокинон мегӯянд, ки барои бо оби нӯшокӣ таъмин гардидани деҳа дар якҷоягӣ бо ин марди накукор аз чашмаи кӯҳӣ то деҳа 2 ҳазору 500 метр қубури обгузар гузарониданд, то беш аз 1000 нафар мардуми деҳаи «Оби ошиқ» бо оби тоза таъмин гарданд. Барои иҷрои ин амали хайр 5 ҳазору 500 сомонӣ сарф гардидааст.

Кенҷақул Азимов ҳангоми суҳбат бо рӯзномаи "Хатлон” гуфт, ки солҳои пеш сокинони деҳа маҷбур буданд, ки обро аз масофаи дур дастӣ ба хона оваранд. Имрӯз ин мушкили деҳа ҳалли худро ёфт.

Аҳли деҳа бо ҳамроҳии Кенҷақул Азимов ният доранд, дар ояндаи наздик дар якҷоягии сокинони деҳа барои сангфарш кардани роҳи деҳа низ саҳм гузоранд. Чунин амалҳои хайр дар деҳаи «Оби ошиқ»  бисёр ба чашм мерасад. Яъне, яке бунгоҳи тиббӣ, дигаре синфхонаи иловагӣ сохта ба истифодаи мардум қарор доданианд, ки ин ҳама самараи ташаббусҳои неканд. 

Бовар дорам, ки ин иқдоми созанда марзҳои як деҳаро шикаста, ба тамоми ноҳия ба ҳукми анъана медарояд ва боз як гӯшаи Тоҷикистони азиз аз баракати дасти фарзандони бонангу номус ва хайрхоҳу ватандӯст ободу зебо мегардад. 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шукргузори обу хоки ватан бошем

Номаҳои Шумо
Дар гулшани зиндагӣ номи ту накуст…

Дар гулшани зиндагӣ номи ту накуст…

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Кӣ ба доди мардуми аз сел зарардида мерасад? (видеоҳо)

Кӣ ба доди мардуми аз сел зарардида мерасад? (видеоҳо)

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Боз ба як деҳа об омад

Боз ба як деҳа об омад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад

Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА