Дар як сатр
» » Омодагӣ ба ҷашн

Омодагӣ ба ҷашн

12-06-2018, 07:04

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 бо № АП-1059  «Оидӣ омодагӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки он дар байни мардуми шарифи кишвар рӯҳияи баланди созандагию бунёдкорӣ ва рушду такомулро ба миён овард. Тибқи амри мазкур гурӯҳҳои корӣ ва нақша - чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ тартиб дода шуданд.

Ба ин хотир дар толори мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ вохӯрии фаъолони ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Восеъ омадааст, баргузор гардид.

Вохӯриро раиси ноҳия муҳ-тарам Мӯсо Ғафурзода ифтитоҳ намуда, аз мақсаду мароми сафари кории вазири молия Қаҳҳорзода Саттор сухан ронда, афзуд, ки мардуми шарифи ноҳия итминон доранд, ки ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро бо комёбию дастовардҳои меҳнатӣ ва амалӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ истиқбол менамоянд.

Дар ҷамъомад  С. Қаҳҳорзода оид ба ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳ-мон, амру фармонҳои Сардори давлат ҷиҳати равнақ бахшидани корҳои ободонӣ сухан ронда, илова намуд, ки бояд ҳар як фарди бонангу номус дар кори дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии истиқлолияти миллӣ саҳми муносиб гузорад. Қаҳҳорзода роҳбарони ҳар як ташкилоту корхона,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳар шахси масъулу мутасаддиро хотиррасон намуд, ки барои дар сатҳи олӣ истиқбол намудани ин ҷашни таърихию барои миллати тоҷик тақдирсоз нақша- чорабинӣ тартиб дода, аз рӯйи он корҳои созандагию бунёдкориро мувофиқи талаб ба роҳ монда, ҷашни таърихии миллати тоҷикро сазовор истиқбол намоянд.

 Наҷот САФАРЗОДА



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқот бо мардум

Мулоқот бо мардум

---
Сафари гурӯҳҳои кории ҳукумати кишвар ба вилояти Хатлон

Сафари гурӯҳҳои кории ҳукумати кишвар ба вилояти Хатлон

Ҳокимияти давлатӣ
Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷашнҳои Наврӯз ва 20-солагии Ваҳдати миллиро сазовор ист ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷашнҳои Наврӯз ва 20-солагии Ваҳдати миллиро сазовор ист ...

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА