Дар як сатр
» Мулоқот бо мардум

Мулоқот бо мардум

19-06-2018, 07:03

Гурӯҳи корӣ, ки дар ҳайати он зиёиён, ходимони дин, масъулини соҳаҳои маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон шомил буданд, бо мақсади ба мардум расонидани  нуктаю муҳтавои суханони дар мулоқот бо  намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон рӯзи 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ироакардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ноҳияи Шаҳритӯс  ташриф оварданд.

Мулоқоти нахустин дар Қасри фарҳанги ноҳия  бо иштироки  роҳбарони корхонаю муассисаҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, мудирони бунгоҳҳои тиббӣ ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.  Чорабиниро раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода ифтитоҳ намуд. Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Н. Саид, прокурори вилояти Хатлон Н. Маҳмудзода,  профессор, доктори илмҳои филология, мушовири ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав Ҳ. Муродиён, мудири бахши  танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон С. Шарифзода баромад карда, оид ба муҳтавои суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши зикргардида  ибрози андеша намуданд.

Онҳо қайд карданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни баромадаш-рӯзи 12 май дар баробари зикри фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, масъалаҳои иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорию ободонӣ дар саросари ҷумҳурӣ, инчунин масъалаҳои  хатари доман гус-турдани терроризм, экстремизм  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», омӯзиши донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ва амсоли инҳоро низ мавриди баррасию таҳлили ҳамаҷониба қарор доданд.

Дар фароварди мулоқот ҳайати гурӯҳи корӣ ба суолҳои аҳли толор посухҳои мушаххас доданд.

Мавриди зикр аст, ҳайати гурӯҳи корӣ дар дигар  ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ чунин мулоқоту суҳбатҳо доир намуда, аҳолӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаи ноҳияро бо ҳадаф, муҳтаво ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо  намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз  наздик ошно намуданд.

Азиз ФАТТОҲ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқоти судманд

Мулоқоти судманд

Ҳокимияти давлатӣ
А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ