Дар як сатр
» » Баробари масъулият ҷасорат ҳам лозим аст

Баробари масъулият ҷасорат ҳам лозим аст

12-06-2018, 06:52

Соли 1993 раиси кумитаи радиошунавонӣ  ва телевизиони вилояти Хатлон  таъйин шудам. Роҳбарони вилоят бинои   нотамоми хонаи пионерони собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳоло шаҳри Бохтарро барои телевизиони Хатлон интихоб намуданд. Як қисмати бино барои утоқҳои корӣ  ва студияи телевизион ҷудо гардид.

Дар баробари сохтмончиён ба рафти сохтмон муовини раиси  Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Маҳмудов сарварӣ карда, ба онҳо барои ба студия мувофиқ сохтани бино, ҳуҷраҳои корӣ, бахусус ҳуҷраи сабти наворҳо ва намоиши  телевизион дастурҳои муфид медод.  Ҳар ҳафта бо иштироки сохтмончиён муовини раиси Кумитаи  телевизион ва радиошунавонии назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов ва раиси хамонвақтаи вилоят  А. Салимов дар бинои нав-сохти телевизион ситод баргузор гашта, корҳои дар давоми ҳафта анҷомёфта  таҳлил ва вазифаҳои ояндаи сохтмончиён  мушаххас  муайян карда, эроду таклифҳои сохтмончиён ба ҳисоб гирифта мешуд. Роҳбарият кӯшиш дошт, ки телевизион бармаҳал ба фаъолият оғоз намояд.

Он рӯзи фаромӯшнопазир  фаро расид. Моҳи марти соли 1993 барномаи нахустини телевизиони вилояти Хатлон пахш гардид. Барандагони аввалини телевизиони Хатлон Заррина Маҳмадалиева ва Аловуддин Абдуллоев буданд. Намоиши телевизион бо табрикоти  раиси ҳамонвақтаи  вилоят А. Салимов  ва марди табаррук  Эшони Сорбонхӯҷа оғоз ёфт.

Журналистони телевизион Сайдалӣ Бобохонов, Асалмо Сафарова, Шералӣ Саидов, Амиршоҳи Хатлонӣ, шодравон Барот Сайид,  коргардон шодравон Бобоҷон Зиёев, ҳамчунин кормандони техникӣ, танзимгарон бо ҳавас, шавқу рағбат кор карда, аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳо дар бораи фаъолияти пурсамари корхонаҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, мактабҳо, донишкадаҳо ва ғайра барномаҳо омода менамуданд.  Бештари барномаҳо истеҳсолӣ буда, аз корнамоиҳои кишоварзон, бинокорон, нақлиётчиён ва ғайра ҳикоят мекард.

Нооромиҳо дар баъзе гӯшаю  канори кишвар ҳанӯз давом дошт. Дар нуқтаҳои гарму ноором, ки дар ҳудуди ноҳияи   Тавилдара ва дигар ноҳияҳои кӯҳӣ идома меёфт, журналист Асалмо Сафарова ва тасвирбардор Зубайдулло Қодиров  ба сафари хизматӣ фиристода шуданд. Асалмо Сафарова  аз Тавилдара бо маводҳои арзишманд баргашт. Маводҳои таҳиягардида  сари вақт тавассути телевизион намоиш  дода шуд.

Ин лаҳзаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки касби журналистӣ пурмасъулияту  мушкил буда, дар баъзе ҳолатҳо хатарнок  ҳам мебошад. Соли 1996 Зубайдулло Қодиров баъди бозгашт аз Тавилдара  гуфт:

-Бадбахтҳо, ба хотири мансаб аҷаб моҷарое ташкил карданд. Мо, тоҷикон, албатта, забони якдигарро меёбем, сулҳ мешавад. Аламовар аст, ки бисёр ҷавонон ба шаҳодат расиданд. Мо- тоҷикон кам будем, боз аз кӯтоҳандешагӣ камтар шудем. Боз вақте фаро мерасад, ки  ин рӯзҳо барои ояндагон  ба мисли афсона менамоянд.  Ҳамин вақт дар радио суруди фораму дилнишине садо дод: 

Ватан, бар ҷалолу ба шонат
  қасам,
Ба покии рӯди равонат қасам. 
Ба кӯҳу ба дашту ба домони
 ту,
Ба мурғи баландошёнат қасам.
- Меҳри ватан бузург аст; - ба суҳбат ҳамроҳ шуд шоир Амиршоҳи Хатлонӣ. Аз қадимулайём то имрӯз  садҳо олимон, бузургон, шоирон дар васфи ватан шеъру достон офарида, суханони пурмазмун гуфтаанд. Ҳар ваҷаб хоки ватан, ҳар хор,  ҳар санги он бароямон муқаддас аст. Шоире бисёр хуб фармуда:
Ба ҷуз меҳри Ватан ишқи дигар
нест,
Ба фарзандони бонангу
вафодор.
Чу марде бекафан мирад, ғаме
 нест,
Худо аз беватан мурдан нигаҳ
 дор.
Кормандони телевизиони Хатлон солҳои пеш дар давраи қуман-дони полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев  таҳти фишор қарор доштанд. Рӯзе Қосим Бобоев, муовини раиси вилоят, маро ба наздаш даъват кард. Директори Маркази техникии телевизион шоир Амиршоҳи Хатлонӣ   ҳамроҳи ман ба  ҳукумати вилоят  омад. Ман аз Амиршоҳ хоҳиш кардам, ки  ба дафтари кории Бобоев  надарояд, шояд он ҷо одамони бегона бошанд.
Вақте вориди дафтари кории муовини ҳамонвақтаи раиси ҳукумати вилояти Хатлон  шудам, дидам, ки Шералӣ Мирзоев, Маҳмуд Худойбердиев, Қосим Бобоев ва ду шахси ношиносе менишастанд.  М. Худойбердиев боғазаб туфангашро ба пешониам гузошта гуфт:
-Ҳозиракак корманди телевизион аз пешамон баромад. Ӯ то лаби дарёи ҳукумат нарасидааст, хабар дод, ки ту дастгоҳҳои намоишдиҳии телевизионро  аз идора ба куҷое бурда пинҳон кардаӣ. Барои ин корат ман туро  мепарронам.
Ҳамин вақт Шералӣ Мирзоев аз ҷой ҷаста хест ва Маҳмуд Худойбердиевро  ором карда гуфт:
-Монед Маҳмудҷон, ӯро худам ҷазо мадиҳам.
Баъд ба ман  рӯ оварда, илова намуд : Рафта студияро соз кун, бегоҳӣ бачаҳо баромад мекунанд. Рӯзҳои наздик Душанберо  ҳам мегирем. Он вақт тавассути телевизиони Тоҷикистон  баромад мекунем. Рав, студияро барои баромад омода намо!
Илоҷи дигар набуд, баромада ба деҳае рафта пинҳон шудам. Намояндагони М. Худойбердиев  ба хона рафта, маро наёфта, аз кадом ташкилоти хориҷие  дастгоҳ дас-трас карда, тавассути он баромад карданд.
Маҳмуд Худойбердиев, полковники исёнгар нақшаи табаддулоти давлатиро кашида буд.  Борҳо бо техникаи зиёди ҳарбӣ  қувваашро нишон дода, ба шаҳри  Регар рафт. Аз он ҷо баргашта, бригадаи ба номи Файзалӣ Саидов  ҳуҷум карда, яроқҳои онро аз худ кард. Маҳмуд Худойбердиеви исёнгар аз хориҷи кишвар шахсони дастурдиҳанда дошт, аз дохили мамлакат ҳам  як-ду нафар тарафдорон  пайдо карда буд.  Оқибат, тири нияташон хок хӯрда, фирор карданд. М. Худойбердиев  фаромӯш карда буд, ки:
Ҳар кӣ бо душмани халқ равон
 аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу
гирдоб хӯрад.
Имрӯз Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда нозанину дилпазир, дилнишин гардидааст.  Хориҷиён, ҳар фарде, ки  ба Тоҷикистон меояд,  ҳусну латофат, иморатҳои баландошёнаи хуштарҳу зебои замонавӣ, кӯчаю хиёбонҳои гулбасар, мардуми болидахотиру зебоипараст, дигаргуниҳои беназири  солҳои охирро дида, вуҷудаш  аз шодию фараҳ лабрез мешавад. Мавҷи дар-ёи одамӣ дар ҳар кӯчаю хиёбонҳои  гулпӯш дар ҳаракат. Дар болои сари Душанбе  байрақ дар ҷавлон. Хирмани гулҳо ба дилҳо фараҳу шодӣ мебахшанд.  Мардуми шаҳр ва меҳмонони он  аз тамошои ин манзараҳо ҳаловат мебаранд. Дар ҳақиқат, тоҷикон созанда, бунёдкор ва накукоранд.
Ба ин маънӣ Муҳаммад Иқбол фармуда:
Дарду қавм ойинаи якдигаранд,
Силку гавҳар  қаҳрамону
ахтаранд.
Фард мегирад зи миллат
 эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад
низом.
Инсон бузургтарин муъҷизаи  олам буда, худ низ муъҷизаҳо меофарад. Тоҷикистон ҳар рӯз назаррабою дилкаштар  мешавад, ки маҳсули дастони тиллоии инсонҳои муъҷизаофар аст.  Дунё ҳамин аст, неконро бо некӣ ва  бадонро бо бадӣ ёд мекунанд.  Аҷибаш он аст, ки  қасри некӣ пойдор монда, бинои бадӣ аз ноустуворӣ хароб мешавад. Инсон низ нафарони хоксору некноми ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Ба қавли шоири номдори тоҷик Лоиқ Шералӣ:
Чандин макон дигар шавад,
Чандин замон дигар шавад.
Чандин ҷаҳон дигар шавад,
Аммо ба ёди одамон.
Чун қуллаи боми ҷаҳон,
Некӣ бимонад ҷовидон. 

 

Б. Сайдалиев,

собиқадори матбуоти тоҷик



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ