Дар як сатр
» » Ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ муқовимати устувор нишон медиҳем

Ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ муқовимати устувор нишон медиҳем

13-06-2018, 06:51

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар вохӯрии сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Ҳафиззода бо сокинони минтақаи Бохтар бо мақсади пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва хатарҳои терроризм ва экстремизм баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовини аввали сардори  Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Абдулваҳҳоб Искандарзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибон, донишҷӯёну омӯзгорон ширкат доштанд.

Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни ифтитоҳи ҳамоиши мазкур гуфт, ки муқовимати устувор бар зидди ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва терроризм, сиёсӣ гардонидани ислом, ҳифзи ҷавҳари дини мубини ислом ҳамчун дини инсонгароёна, пешгирии амалҳои зиддиҷамъиятии ба дин робитадошта ва истифодаи дин барои ба даст овардани ғаразҳои сиёсӣ, ки яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба таъмини саодати рӯзгор, амнияти сартосарӣ, суботи комил, тарбияи насли худшинос мебошад, бисёр муҳим аст. "Чуноне ки омӯзишҳо нишон медиҳанд, дар замони бархӯрди тамаддунҳо тамаддунҳои пурқувват тамаддунҳои хурдро фурӯ мебаранд. Вале тамаддуни исломӣ имрӯз тамаддуне нест, ки онро ба осонӣ фурӯ бурда шавад. Бинобар ҳамин ҳам, яке аз усулҳои стратегии заифгардонии он таъсиси даҳҳо ва садҳо гурӯҳу равияҳои тундгаро ва ифротӣ мебошад, ки аз диди иқтидори демографию иқтисодӣ ва зеҳнӣ ҷаҳони исломро заиф мегардонанд. Ин стратегия стратегияи хавфнок буда, воқеияти сиёсии ҷаҳони имрӯза онро собит намуда истодааст. Бинобар ҳамин, зарур аст, ки дарки ин хатар аз ҷониби ҳар як узви ин тамаддун эҳсос карда шавад”, - зикр кард М. Хидирзода.

Сипас, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковник Шодӣ Ҳафиззода маърӯзаи худро дар мавзӯи хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва роҳҳои бозгардонидани шаҳрвандони гумроҳшуда ба ватан ироа намуд. Вай, аз ҷумла зикр кард, ки бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсил доштанд, ба ватан баргардонида шуда, барояшон имкони мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд.

- Вале, боиси таассуф аст, ки баъзе аз шаҳрвандони кишвари мо низ шомили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шуда, қадри зиндагии осуда, тинҷиву амонии кишварро қадр накарда, дар низоъҳои давлатҳои хориҷӣ иштирок доранд, - афзуд Ш. Ҳафиззода. – Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷалбкунандагон шабакаҳои интернетиро манбаи ҷалби ҷавонони гумроҳ қарор дода, ҳазорон нафарро ба доми фиреби худ кашидаанд.

Нафароне, ки шомили гурӯҳҳои террористӣ шудаанд, имрӯз бархе аз онҳо дар мамлакатҳои Сурияву Ироқ кушта шудаву нисбати қисмати дигар парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, дар кофтуков қарор доранд.

Дар ин ҳамоиш тавассути слайдҳо ва аксу наворҳо оқибатҳои ҷангу хунрезӣ дар Сурия, тахрибкорию ваҳшатафканиҳои гурӯҳҳои террористӣ ба ҳозирон намоиш дода шуд. Ҳамчунин қайд гардид, ки қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи принсипи инсондӯстӣ санаи 18-уми марти соли 2015 ба моддаи 401 прим 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловае дар шакли эзоҳ ворид намудааст. Мувофиқи эзоҳи мазкур, шахсе ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

- Мақсад аз қабули чунин илова ба моддаи мазкур дар он аст, ки бо ин роҳ шахсони гумроҳшуда ва фиребхӯрдае, ки ба ин роҳ рафтаанд, вале пас аз воқиф шудан аз ҳақиқати воқеӣ мехоҳанд пас гарданд ва аз содир намудани ҷиноят даст кашанд, барои бозгашт ба ватан ва озодӣ даст ёбанд, - идома дод полковник Ш. Ҳафиззода. - Ҳарчанд онҳо мақсади содир намудани ҷинояти мазкурро дар нақша доштанд, барои омодагӣ ба содир намудани ҷиноят амалҳоеро (аз қабили гуфтушунид бо саркардагон ва ташкилкунандагони ҷиноят, харидани чиптаҳо барои сафар, омода намудани асбоби сафар ба истиснои ашёе, ки муомилоти он манъ карда шудааст) иҷро намудаанд, вале ихтиёран аз роҳи минбаъдаи содиршавии ҷиноят даст кашидаанд, қонун онҳоро мебахшад.

Дар эзоҳи моддаи мазкур шарти дигаре гузошта шудааст, ки он "то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ” мебошад. Дар сурате, ки агар шахс дар ин сохтору амалиётҳо иштироки худро пас аз қатъ шудани фаъолияти онҳо ва ё анҷоми онҳо қатъ кунад, ин шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда намешавад.

Дар рафти ҷамъомад собиқ ҷангандаи ДИИШ Далер Ҷӯраев, аъзои собиқи ТЭТ "Гурӯҳи 24” Оятулло Гиляев ва Файзуллоҷон Гурезов ба музокира баромада, амалҳои тундгароию ифротгароиро маҳкум намуда, тинҷиву амониро беҳтарин неъмат арзёбӣ намуданд.

Аз ҷумла Далер Ҷӯраев, ки як сол дар шаҳри Мосул ба ҳайси духтури ҷангандаҳои ДИИШ фаъолият кардааст, нақл намуд, ки чӣ гуна сахтиву зорӣ кашида, таъми беватанӣ чашида, фиреби ба ном «ҷиҳодиён»-ро хӯрда, дар ҷабҳаҳои Сурияву Ироқ ё ДИИШ «хизмат» карда, нахонда духтур шуда, даҳҳо маҷрӯҳи инфиҷорро табобат карда, иштибоҳи худро дарк кардаву аз доми фиребгарон гурехтааст.

- Ман дар интернет навори суҳбат бо ҳамсафи собиқам дар Ироқ - сокини Нуробод Маҳмаднаим Ҷӯрабековро дидам, ки ба Тоҷикистон баргаштаасту касе кораш нагирифтааст, - гуфт Д. Ҷӯраев. - Мо дар он ҷо, дар Мосул шинос шуда будем, ман ӯро табобат мекардам… Ростӣ, ҳавасам ба ӯ омад, ки ба ватан баргаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон ӯро бахшидаву ҳоло дар назди оила ва фарзандонаш аст. Бо мусоидати мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба ватан баргаштам.

Далер Ҷӯраев ба аҳли нишаст аз сарнавишти худ қисса карда, ҳозиринро итминони хотир дод, ки баъди бозгашт мавриди ягон фишору таъқиб қарор нагирифтааст.

- Ростӣ, ман аз ибтидо иштибоҳамро дарк карда будам, - идома дод Д. Ҷӯраев. - Зеро шоҳиди бисёр ҳодисаҳои нохуш шудам. Нафароне буданд, ки ҷанг кардан намехостанд, лекин онҳоро маҷбур мекарданд. Дар он давлат касе ҳуқуқи сарпечӣ кардан аз фармонҳоро надошт. Касе агар эътироз мекард, ӯро ҷазо медоданд, аввал то дигар шудани ақидааш ва сар фароварданаш ӯро ҳабс мекарданд ва агар ҳам сар намефаровард, сар мебуриданд. Ё нафароне буданд, ки ҳамроҳи зану фарзанду аҳли оилаашон меомаданд. Баъд аз он ки дар амалиётҳо мефавтиданд, зану кӯдакашонро ба хонаҳои умумӣ мебурданд. Дар як хона 40-50 нафар занон мезистанд. Аҳволи онҳо дар он ҷо ниҳоят вазнин буд. Ҳамеша байнашон ҷангу ҷидол сар мезад. Пас, занҳоро ба шайхони араб мефурӯхтанд. Он ҷо одам қадр надошт, ман шоҳиди одамфурӯшӣ будам, бозори ғуломфурӯшӣ буд. Одамонро ба ғуломӣ мегирифтанду мефурӯхтанд. Зани калонсол 200 доллар нарх дошт, ҷавон бошад, то 3000 доллар ба савдо мерафт. Дар он ҷо чанд гурӯҳ, амсоли «Ҷабҳату-нусра», «Ансуруллоҳ» ва «Аҳрори Шом», ки ҳама даъвои мусулмонӣ доранд, байни ҳам меҷанганд. Ҳамдигарро кофир мехонданд. Мусулмон мусулмонро мекушт… Хулоса, як макони фанду фиреб буд. Бинобар ин, аз ибтидо роҳи гурез мекофтам, гарчанде ба он умед надоштам.

- Мехоҳам ба ҷавонони Тоҷикистон муроҷиат кунам, - хитоб кард Д. Ҷӯраев. - Айни замон дар Сурияву Ироқ садҳо тоҷиконе ҳастанд, ки ба доми фиреби ДИИШ афтодаву нияти гурехтан доранд, садҳо нафари дигар аллакай гурехтаву дар кишварҳои дигар қарор доранд ва метарсанд, ки ба ватан баргарданд. Ман ба онҳо муроҷиат карда мегӯям, ки баргарданд. Ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД муроҷиат намоянд ва онҳоро ҳам авф хоҳанд кард. Ин ҷо ватани мо аст ва мо бояд онро обод кунем, созем ва фарзандонамонро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Дар идома чанд нафар аз толор ба музокира баромада, таъкид карданд, ки ҳеҷ гоҳ шахси дорои ақли солим ҳамсару фарзанд, ёру диёр ва хешу табори худро ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта, марзу буми ватанро тарк карда, ба кадом як ҷанги бемаъние намеравад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон як замоне шоҳиди ҳамин гуна нооромиҳое гардида буданд, ки қисмати зиёди иштирокчиёни онро гумроҳшудагоне, ки бо "фатво”-и ду-се "тақводори бузург” ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буданд, ташкил медоданд. Ҳамон вақт низ мавъизаҳои "ҷиҳод”, "шаҳид ва дохили ҷаннат шудан”, "нест намудани кофирон” ва монанди он аз даҳони "рӯҳониёни барҷаста” зиёд ба гӯш мерасид, ки ҷавонони зиёди гумроҳро "гипноз” намуда, ба бародаркушӣ раҳсипор менамуд. Аксарияти сокинони ҷумҳурӣ аз ин дарси таърих сабақ гирифта, ин гуна амалу кирдори ҷинояткорона ва зуҳуроти номатлубро маҳкум менамоянд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни ҷамъбасти ҳамоиш бори дигар таъкид намуд, ки ҳар як нафар узви ҷомеа вазифадор аст, ки баҳри таъмини зиндагии пурнишот, пеш аз ҳама, баҳри таҳкими сулҳу субот, муқовимати устувор нишон ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияту соҳибватанӣ мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дошта бошад.

Ҳамин тавр, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин фаҳмонидани қонунгузории Тоҷикистон оид аз ҷазо озод намудани шаҳрвандоне, ки аз рӯйи нофаҳмӣ дар муҳорибаҳои давлатҳои исломӣ ширкат доштанд ва бо хоҳиши худ ба ватан бозмегарданд, рӯзи 9-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар аз ҷониби сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Шодӣ Ҳафиззода  қабули шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар доир гардид.

Мазмун ва муҳтавои муроҷиатҳо гуногун буда, бештар ҷиҳати расонидани кумаки ҳуқуқӣ, муноқишаҳои оилавӣ, қаллобӣ, содиршавии ҷиноятҳо ва дигар арзу шикоятҳоро дарбар мегирифт. Аз он ҷумла, бархе шаҳрвандон ҷиҳати мусоидат дар баргардонидани фарзандони гумроҳшудаи худ, ки дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои ҷангзадаи хориҷӣ иштирок менамоянд, муроҷиат намуданд. Арзу муроҷиати шаҳрвандон шунида, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шуданд.

 

Н. МАЪМУРЗОДА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз хатарҳои геополитикаи муосир ҳамагон огоҳ бошем

Аз хатарҳои геополитикаи муосир ҳамагон огоҳ бошем

Номаҳои Шумо
ДИИШ зулмат аст

ДИИШ зулмат аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо