Дар як сатр
» » Иди фитр инсонро ба бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунад

Иди фитр инсонро ба бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунад

12-06-2018, 09:34

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори нек орзумандам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии кишвар қайд кардаанд, ки «Барои мусулмонони ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад. Мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд».

Имрӯз мо шукрона аз он мекунем, ки аз баракати истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳо ва маросимҳои суннативу миллиамонро озодона, дар фазои сулҳу якдигарфаҳмӣ таҷлил менамоем.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрвандон ва озодии виҷдон тадбирҳои зиёде меандешад, аз ҷумла бунёди калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон гузоштани санги асоси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи «Имоми Аъзам» ин аз он шаҳодат медиҳад, ки озодии виҷдон ва эътиқоди динии мардум дар қаламрави ҷумҳурӣ таъмин мебошад.

Яке аз суннатҳои рӯза тарбия намудани эҳсоси ҳамдардӣ ба муҳтоҷону мустамандон ва кумаку дастгирии онҳо на фақат дар моҳи шарифи Рамазон, балки дар тамоми моҳу айём мебошад.

Ҳамзамон, расонидани садақаи фитр дар моҳи шарифи Рамазон барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рӯзгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо, инчунин, таъмири муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббию беморхона, китобхона, бунёди роҳу кӯчаҳои маҳаллаву деҳаҳо ва дигар корҳои ободонӣ беҳтарин хайру савоб ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда,  тақозои замон мебошад. Аз зиёдаравӣ ва исрофкорӣ худдорӣ намуда, талаботи Қонуни мазкурро  риоя карда, мардумро ба оростани дастархони маънавӣ ташвиқ  намоем.

Бори дигар фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи шумо, сокинони арҷманди вилоят, табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди Карим ба ҳар хонавода саодату хушрӯзӣ, ризқу рӯзии фаровон, рӯзгори осуда, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ободиву пешрафти рӯзафзун орзумандам.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пешвои миллат: “фарди мусулмон бояд ҳар рӯз як амали солеҳу шоистаро ба анҷ ...

Пешвои миллат: “фарди мусулмон бояд ҳар рӯз як амали солеҳу шоистаро ба анҷ ...

Хабарҳо
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Аз аҳволи ятимону бепарасторон ғофил намонем

Аз аҳволи ятимону бепарасторон ғофил намонем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
6 июн - рӯзи аввали моҳи Рамазон

6 июн - рӯзи аввали моҳи Рамазон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Барои татбиқи фазилатҳои Иди Фитр ва аркони ислом кӯшиш ба харҷ диҳем

Барои татбиқи фазилатҳои Иди Фитр ва аркони ислом кӯшиш ба харҷ диҳем

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо