Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Маблағи ҷоизаи ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бештар шуд


Маблағи ҷоизаи ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бештар шуд


Ғолиби ҳар як номинатсияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври вилоятӣ 2000 сомонӣ ва омӯзгори ӯ 1000 сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд гирифт.

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 апрели соли 2021, №103, барои мукофотонии ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур имсол дар маҷмӯъ 146 ҳазору 800 сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Аз ин ҳисоб 36 нафар барандаҳои ҷойи якуми озмун ва омӯзгорон ба маблағи 54 ҳазор сомонӣ, 72 ғолиби ҷойи дуюм ва омӯзгорон 54 ҳазор сомонӣ ва 72 барандаи мақоми сеюм ва омӯзгоронашон ба маблағи умумии 28 ҳазору 800 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Озмун аз рӯйи номинатсияҳои хондан ва азёд кардани осори адабиёти классики тоҷик, хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик, хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон ва номинатсияи эҷодии назму наср баргузор мегардад. Дар озмун хонандагони синфҳои 10-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ходимони илмӣ, адабӣ, аспирантон, докторантҳо, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар иштирок карда метавонанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода