Дар як сатр
» » Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

5-03-2015, 16:18

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд.

Даври якуми озмуни мазкур дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораю ташкилотҳои ноҳиявӣ гузаронида шуда, ғолибону беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар маросими ифтитоҳи озмун Басбӣ Мирзоева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, суханронӣ намуда, гуфт, ки мақсад аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» тарбия ва ташаккули рӯҳи зебопарастӣ, ахлоқи ҳамида ва ҳидояти занону духтарон ба ҷодаи эҷодкорию созандагӣ мебошад.

Дар озмун беҳтарин кадбонуҳо аз рӯйи шартҳои саломнома, қироати шеър дар васфи модар, ороиши дастурхон, таҳияи оши бурида, намоиши ҳунарҳои дастӣ, рақс ё суруд дар васфи модар истеъдод ва ҳунари худро нишон доданд.

Аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои озмун шоҳҷоиза ба бонувони Раёсати маорифи ноҳия, ҷойи якум ба соҳаи тандурустию ҷамоати деҳоти «Узун», ҷойи дуюм ба ҷамоати деҳоти Фрунзе ва ҷойи сеюм ба ҷамоати деҳоти «Навобод» дода шуд.

Дар озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» намояндагони дигар ҷамоатҳо низ фаъолона иштирок намуда, ба ҳунари онҳо аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд дода шуд.

Ибодуллои ОДИНА,
ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ


Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд


Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?

Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Хабарҳо
Данғара: Озмуни алласароӣ

Данғара: Озмуни алласароӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА