Дар як сатр
» » Парвариши 6 навъи лолаҳои ҳолландӣ дар Қӯрғонтеппа

Парвариши 6 навъи лолаҳои ҳолландӣ дар Қӯрғонтеппа

5-03-2015, 15:19

Парвариши 6 навъи лолаҳои ҳолландӣ дар ҚӯрғонтеппаКорхонаи ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Қӯрғонтеппа дар майдони ду гектар парвариши 28 навъи гулҳои мавсимӣ, 6 намуди лолаҳои ҳолландӣ ва 5 навъи садбаргро ба роҳ мондааст.

Ба иттилои Маҳмадлатиф Дӯстов, сардори корхонаи мазкур, ҳамчунин бо ибтикори шаҳрдори Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар масоҳати 560 метри квадратӣ гармхонаи доимамалкунанда бунёд шудааст, ки дар он зиёда аз 700 ҳазор ниҳоли доимӣ парвариш меёбад.

Феълан дар ин корхона 103 нафар фаъолият намуда, дар 8,9 гектар хиёбонҳои маркази маъмурии вилоят ба ободонию кабудизоркунӣ машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки корхонаи мазкур чанде пеш дар намоиш-фурӯши вилоятии ниҳолпарварон ширкат варзида, зиёда 13 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ, 300 дона арча, 250 кипарис, 250 мачвелин, 200 дона тӯя, дар маҷмӯъ ҳазор бех ниҳоли ороиширо ба фурӯш бароварда, дар миёни шаҳру навоҳии минтақа сазовори ҷойи аввал шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Ёвон. Нияти бунёди 3 корхонаи азим

Ёвон. Нияти бунёди 3 корхонаи азим

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Шинонидани 80 ҳазор ниҳол дар Фархору Темурмалик

Шинонидани 80 ҳазор ниҳол дар Фархору Темурмалик

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА