Дар як сатр
» » Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

5-03-2015, 14:01

Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Таҳияи роҳнамо ва лоиҳаҳо дар самти сайёҳӣ» барои масъулон ва донишҷӯёни риштаи туризми шаҳру навоҳии минтақа давраи омӯзишӣ барпо гардид.

Ба иттилои Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳадафи омӯзиши мазкур такмили дониш ва аз худ кардани таҷрибаҳои пешқадам будааст.

- Мавзӯи омӯзиш аз ҷониби иштирокчиён барои масъулони соҳа хеле муҳим арзёбӣ гардид, - мегӯяд Б. Бобоев. – Вилояти Хатлон аз ҷиҳати захираҳои туристӣ зарфиятҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои тарғиби имкониятҳои сайёҳӣ, таҳия ва дастраси ҳамагон намудани роҳнамоҳои туристӣ муҳим аст. Дар давраи омӯзишӣ иштирокдорон аз ҷумла ҳамин корро омӯхтанд.

Дар роҳнамоҳо оид ба мавзеъҳои ҷалбкунандаи сайёҳӣ, шароити маишӣ ва дигар маълумоту аксҳо ҷой дода мешаванд. “Дар кишвари мо ҳамасола роҳнамоҳои сайёҳӣ бо забонҳои хориҷӣ таҳия ва дастраси сайёҳон мегарданд. Вале, бо вуҷуди ин, аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳнамоҳои сайёҳии маҳал бо сифати хуб ва маълумоти кофию диққатҷалбкунанда таҳия намегарданд”, - афзуд Б. Бобоев.

Иштирокдорони ин давраи омӯзишӣ ҳамчунин перомуни ҷалби доираҳои тиҷоратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушди туризм, роҳандозии истеҳсоли савғотӣ (сувенир)-ҳо, сохтмони инрасохтори мавзеъҳои сайёҳӣ, зарурати ҷалби намояндагони ВАО ва баргузории дигар чорабиниҳои ҷолиб барои тарғиби соҳа мубодилаи афкор намуданд.

М. НОСИРҶОН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Қабули Барномаи рушди туризм дар вилояти Хатлон барои солҳои 2015-2017

Қабули Барномаи рушди туризм дар вилояти Хатлон барои солҳои 2015-2017

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА