Дар як сатр
» » Данғара: Озмуни алласароӣ

Данғара: Озмуни алласароӣ

4-03-2015, 14:06

Данғара: Озмуни алласароӣ

Имрӯз, 4 март, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 и ноҳияи Данғара озмуни «Алла» ба муносибати Рӯзи модар ҷараён дорад.

Озмуни мазкур бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара барпо гардида, дар он занони омӯзгор ва муҳассилон аз 30 муассисаи таълимӣ ширкат меварзанд.

- Барои се ғолиби озмуни алласароӣ мутаносибан 300, 200 ва 100 сомонӣ ҷоиза дода шуда, онҳо барои ширкат дар барномаи телевизионии яке аз шабакаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд, - зикр кард манбаъ аз шуъбаи маорифи ноҳия.

Дар озмун бонувони омӯзгор либосҳои миллии тоҷикиро ба бар карда, дар сари гаҳвора алласароӣ мекунанд ва толибилмон бо намоишномаҳои кӯтоҳи саҳнавӣ дар мавзӯъҳои оиладорию эҳтироми волидайн ҳунарнамоӣ мекунанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Озмуни вилоятӣ, ки 5000 сомонӣ ҷоиза дорад, 4-уми май ҷамъбаст мешавад

Озмуни вилоятӣ, ки 5000 сомонӣ ҷоиза дорад, 4-уми май ҷамъбаст мешавад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Озмуни асарҳои драмавӣ ба ифтихори «Соли оила»

Озмуни асарҳои драмавӣ ба ифтихори «Соли оила»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шудани се нашрияи вилоят

Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шудани се нашрияи вилоят

Хабарҳо