Дар як сатр
» » 12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

4-03-2015, 11:47

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

Дар интихоботи рӯзи 1 март намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар 12 ҳавзаи якмандатии интихоботии воқеъ дар ҳудуди вилояти Хатлон бар рақибони худ пирӯз шуданд. Танҳо дар ду ҳавзаи якмандатӣ - Фархор-№34 ва Восеъ-№39 номзадҳои Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов ва Ҳизби агратии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров баранда шуданд.

Ба иттилои масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа-№26 Анвар Тағоймуродов, дар ҳавзаи Бохтар-№27 Тоҳир Ҷобирзода, дар ҳавзаи Абдураҳмони Ҷомӣ-№28 Сафаралӣ Раҷабов, дар ҳавзаи Ёвон-№29 Толибхон Азимзода, дар ҳавзаи Ҷалолиддини Румӣ-№30 Ҳокимҷон Холиқов, дар ҳавзаи Қубодиён-№31 Бадриддин Садриддинов, дар ҳавзаи Вахш-№32 Бахтовар Сафаров, дар ҳавзаи Қумсангир-№33 Мирзодавлат Сабуров, дар ҳавзаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-№35 Ҳаёт Одинаев, дар ҳавзаи Данғара-№36 Ҳилолбӣ Қурбонзода, дар ҳавзаи Кӯлоб-№37 Абдулғаффор Раҳмонзода ва дар ҳавзаи Муъминобод-№38 Ҷӯрахон Маҷидзода барандаи интихобот гардида, дар Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ намояндагӣ хоҳанд кард.

Дафтари матбуотии ҲХДТ хабар додааст, ки номзадҳои ин ҳизб дар 35 ҳавзаи якмандатии интихоботии Тоҷикистон бар рақибони худ пирӯз омадаанд. Ҷамъи ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар кишвар 41-то буд.

Ба ин тартиб, ҲХДТ дар парлумон ҷамъан 51 вакил (16 нафар аз ҳавзаи ягонаи ҷумумиҷумҳуриявӣ), Ҳизби аграрӣ 5 вакил, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 3 вакил, Ҳизби коммунистӣ 2 вакил ва Ҳизбҳои демократию сотсиалистӣ 1-вакилӣ хоҳанд дошт.

Демократҳо ва сотсиалистҳо бори аввал вориди парлумони касбии кишвар мешаванд. Дар даъвати нави палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократӣ, ки камтар аз 5 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда, номзадҳояшон низ дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ шикаст хӯрдаанд, намояндаи худро нахоҳанд дошт.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пирӯзии номзадҳои ХҲДТ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа, Вахш ва Бохтар

Пирӯзии номзадҳои ХҲДТ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа, Вахш ва Бохтар

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Сиёсат, Хабарҳо