Дар як сатр
» » ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

2-03-2015, 12:30

ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо касби 65,2%-и раъйи мардум барандаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон гашт.

Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотие, ки ҳамин ҳоло дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, иттилоъ дод.

Дар миёни ҳизбҳо мақоми дувумро Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз худ кард, ки 11,8 дарсади овози интихобкунандаҳоро аз худ кардааст. Дар мақомҳои баъдӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (7,6%) ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (5,5%) қарор гирифтанд. Ин ҳизбҳо, тибқи қонун, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ бо намояндагони худ вориди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Ба иттилои Ш. Шоҳиён, ҲХДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар парлумон 16 мандат, ҲАТ 3 мандат, ҲИИТ 2 мандат ва ҲСТ як мандат хоҳанд дошт.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (2,3%), Ҳизби демократии Тоҷикистон (1,7%), Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (1,5%) ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (0,5%), ки камтар аз 5 фоизи раъйи мардумро ба даст овардаанд, дар парлумони кишвар мандат нахоҳанд дошт.

Ҷараёни интихоботро 525 нозири байналмилалӣ мушоҳида кардаанд.

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ҷамъан 103 номзадро пешбарӣ кардаанд. Аз 41 ҳавзаи якмандатӣ бошад, ҷамъан 212 номзад, аз он ҷумла аз ҷониби ҳизбҳо 108 нафар ва 104 нафари дигар ба тариқи худпешбарӣ вориди корзори интихоботӣ шудаанд. 32 нафари номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ занон будаанд.

Дар интихоботи парлумонии 1 март аз ҷамъи 4 миллиону 319 ҳазору 395 интихобкунанда 3 миллиону 791 ҳазору 827 нафар ба пойи сандуқҳои раъй омадаанд, ки 87,7 фисади ҷамъи умумии интихобкунандаҳоро ташкил медиҳад.

М. Носирҷон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пирӯзии номзадҳои ХҲДТ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа, Вахш ва Бохтар

Пирӯзии номзадҳои ХҲДТ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа, Вахш ва Бохтар

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Сиёсат, Хабарҳо