Дар як сатр
» » АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

31-12-2014, 22:43

АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)5 марти соли 1961 дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Аз ҷамъи собиқаи кории 35-солааш 25 соли он ба журналистика бахшида шудааст. Баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчун ходими шуъбаи мактубҳо дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») фаъолияти меҳнатиашро оғоз бахшида, пас аз он омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Бохтар, мутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон низ буд.

Аввали солҳои 90-ум ба ҳайси мухбири рӯзномаи вилоятии «Навиди Вахш» ба кор пазируфта шуд.

Баъдан мудири шуъбаи коргузории фабрикаи ресандагии шаҳри Қӯрғонтеппа, мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва сармуҳаррири телевизиони вилоят шуда кор кардааст.

Аз соли 2006 то соли 2009 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд.

Моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» таъин шуд.

Солҳои 2006-2012 раҳбарии шуъбаи хатлонии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистонро низ ба уҳда дошт. Аз соли 2016 муовини раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошад.

Узви раёсати Шӯрои ВАО, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар ҷоизаҳои журналистӣ мебошад.

Зери раҳбарии ӯ рӯзномаи «Хатлон» дар озмуни ҷумҳуриявии нашрияҳои даврӣ, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон соли 2012 эълон шуда буд, сазовори ҷойи якум ва шоҳҷоизаи озмун гардид.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.


БОЙГОНИИ МАТЛАБҲОИ АСАЛМО САФАРОВА

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

Ҳайати эҷодӣ
Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---
ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)

ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)

Ҳайати эҷодӣ
НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ
НАҶОТ САФАРЗОДА

НАҶОТ САФАРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ