Дар як сатр
» » Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

2-03-2015, 10:15

Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳДар як моҳи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2012 ҷойи нав ва барқароршудаи корӣ ташкил дода шуд, ки 1477 ҷойи он марбути бахши хусусист.

Аз он миён 521 ҷойи кор доимӣ, 162 ҷойи кор мавсимӣ ва 1329 ҷойи кор муваққатӣ мебошад. Дар моҳи гузашта аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо 257 шаҳрванди бекор ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар моҳи январи соли равон ба раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2379 шахси бекор муроҷиат намуда, ба 1392 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шудааст.

Оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои барномавӣ дар самти мусоидат ва бо кор таъмин намудани аҳолии бешуғл, мутобиқи дархости кордиҳандагон 681 нафар бекорон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Данғара. 378 корҷӯ бо кор таъмин шуданд

Данғара. 378 корҷӯ бо кор таъмин шуданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси беш аз 34 ҳазор ҷойи нави кор дар Хатлон

Таъсиси беш аз 34 ҳазор ҷойи нави кор дар Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
25700 сомонӣ кӯмакпулӣ ба маҳбусони афвшуда

25700 сомонӣ кӯмакпулӣ ба маҳбусони афвшуда

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъмин шудани 100 ҷавон бо ҷойи кори доимӣ

Таъмин шудани 100 ҷавон бо ҷойи кори доимӣ

Хабарҳо
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо