Дар як сатр
» » Р. Шарифов: «сохтмони майдончаи варзишӣ садақаи ҷория аст»

Р. Шарифов: «сохтмони майдончаи варзишӣ садақаи ҷория аст»

11-06-2018, 00:41

Раҳмоналӣ Шарифов, нафақагири 69-сола аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкорию ободонии Пешвои миллат, тасмим гирифтааст, ки дар маҳалли зисти худ ба ҷойи ба Ҳаҷ фиристодани узви оилааш як майдончаи замонавии варзишӣ созад.

 

Р. Шарифови бознишаста феълан дар зодгоҳаш - деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти «Панҷоб»-и ноҳияи Ҳамадонӣ ба боғбонию кишоварзӣ машғул аст. Худаш дар гузашта як дафъа ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуда, дар маҷлиси оилавӣ маслиҳат шуда будааст, ки имсол яке аз фарзандонро барои адои ҳаҷ мефиристанд.

- Аммо ба чунин хулоса омадем, ки маблағи ҷамъовардаи сафари ҳаҷро дар ягон кори хайр масраф намоем, - мегӯяд Р. Шарифов. – Дар ин кори хайр ҳамсояҳои хуби мо – роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Сайфиддин Насриддинов ва нафақагир Шераҳмад Одинаев – низ ҳамроҳ шуданд. Аввал онҳо ҳам мехостанд, ки ягон нафар аз хонаводаашон роҳии ҳаҷ шавад, вале сарфи маблағи ҳаҷро барои ободии маҳал афзалтар донистем. Сохтмони майдончаи варзишӣ садақаи ҷория аст ва ин иншоот пас аз сари мо ҳам мемонад.

Раҳмоналӣ Шарифов дар идомаи суҳбат гуфт, ки барои бунёди майдони мазкур беш аз  30 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби худаш сарф хоҳад кард ва азм дорад, ки ин майдончаи варзишӣ дар арафаи таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ, яъне то моҳи сентябр, мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Дарозии майдон 40 ва паҳнояш 20 метр буда, дар он ҷо ҳам баскетбол, ҳам волейбол ва ҳам минифутбол бозӣ кардан мумкин мешавад.

- Маслиҳат кардем, ки ин майдончаи варзиширо дар назди муассисаи таълимии миёнаи умумии №23-и ба номи Шайх Саъдии деҳаамон бунёд намоем, - афзуд Р. Шарифов. – Беш аз панҷоҳ сол муқаддам ман ин мактабро хатм намуда будам ва фарзандонам низ фориғуттаҳсили ҳамин дабистонанд. Ин якумин майдончаи замонавии варзишӣ дар деҳаи Сайроб хоҳад буд ва истифодаи он барои наврасону ҷавонони деҳа ройгон мешавад.

Чуноне ки Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд: «тибқи таълимоти ислом барои ободии Ватан анҷом додани чунин амалҳои хайр низ ибодат буда, аҷру савоби онҳо барои шахсоне, ки ба корҳои неку савоб иқдом мекунанд, бардавом ва ҷория аст».

Раҳмоналӣ Шарифов собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, пас аз қариб 30 соли фаъолият дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо рутбаи полковник ба нафақа баромадааст. Ҳоло ӯ дар ҳалқаи 14 нафар фарзандон ва шумораи зиёди набераҳояш давлати пирӣ меронад. Аксари фарзандонаш соҳиби маълумоти олианд, аз он ҷумла се нафарашон дар пайравӣ ба падар имрӯз дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ифои вазифа мекунанд. Худи Раҳмоналӣ Шарифов бошад, дар баробари кори деҳқонӣ, инчунин вазифаи пурмасъулияти ҷамъиятӣ - раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи Сайробро ба дӯш дорад.

Дар се соли оянда, яъне то 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ин марди хайрандеш ният дорад, ки бо истифода аз маблағҳои боғдорӣ ва ҳашари умумӣ дар деҳа ҳаммоми умумӣ бунёд кунад, чун то ҳанӯз чунин муассисаи хизматрасонӣ мавҷуд набудааст. Бо дарназардошти обрӯю нуфузи Раҳмоналӣ Шарифов дар сатҳи маҳал, бовар аст, ки ӯ ба ин нияти некаш ҷомаи амал мепӯшонад.

Деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти «Панҷоб»-и ноҳияи Ҳамадонӣ феълан 7597 нафар аҳолӣ дорад, ки 60%-и онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин ҷавонон аз хабари бунёди майдончаи варзишӣ бо шодӣ истиқбол карданд.

Ба иттилои Хайрулло Ҷалилов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳоло, ки мавсими нави Ҳаҷ дар Тоҷикистон наздик мешавад, анҷоми корҳои хайр аз сӯйи зоирон авҷ гирифтааст. Барои анҷом додани маросими ҳаҷ ба ноҳияи Ҳамадонӣ 85 квота ҷудо карда шудааст, аммо, ба гуфтаи Х. Ҷалилов, эҳтимол на ҳамаи ин квотаҳо имсол довталаб пайдо кунанд. «Ин ду сабаб дорад: яке ин ки шояд маблағи сафари ҳаҷ барои зоирон гаронӣ кунад, дигаре, бинобар он ки нафароне чун Раҳмоналӣ Шарифов маблағи сафарашонро барои ягон кори хайр дар зодгоҳи худ сарф мекунанд», - афзуд роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия.

Қобили зикр аст, ки сафари ҳаҷ ва зиёрат аз маконҳои муқаддас барои пайравони дини ислом яке аз панҷ аркони асосии динӣ маҳсуб мегардад, аммо анҷоми ин маросим барои зоирони тоҷик хеле пурхарҷ аст. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон арзиши Ҳаҷҷи имсоларо 33 ҳазору 410 сомонӣ муайян кардааст.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд.

Н. МАЪМУРЗОДА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар дар ду баст дар  ...

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар дар ду баст дар ...

Маориф ва илм
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар Қӯрғонтеппа

Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Коргоҳи нав дар Сайроб

Коргоҳи нав дар Сайроб

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА