Дар як сатр

Мулоқоти судманд

11-06-2018, 00:35

Дар асоси амри  раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  аз 15 майи соли равон гурӯҳҳои кории тарғиботӣ  аз ҳисоби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон, аҳли уламо, зиёиён ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуд.

Гурӯҳҳои корӣ аз 18 май то 2 июни соли равон ба 25 шаҳру навоҳии вилоят сафар намуда, бо аҳолӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуданд. Зимни мулоқот бо сокинон муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон аз 12 майи соли  2018 расониданд.

Чунин як мулоқот бо иштироки Ҳасани Муродиён - профессор,  мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Насриддинзода Рамазон- мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Нуров Усмоналӣ- сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  "Ёвон”, "Норин” ва "Гулсара Юсуфова”-и ноҳияи Ёвон доир гардид.

Аъзоёни гурӯҳ дар баромадҳои худ аз муҳтавои суханронии Пешвои миллат, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯза ва 
роҳҳои ба зиндагии шоиста расиданро дар бар мегирифт, муфассал қайд намуда, ҳамзамон, мардумро ба меҳнати самараноку ободгароёна, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон, дасти кумак расонидан ба камбизоатону дастнигарон раҳнамун сохтанд.

Дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон низ ҳайати гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Сафарбек Шарифзода, мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон, дар назди мардум аз ин мулоқот батафсил маълумот доданд.

И. Ҳасанов

Аксҳои М. Ашӯров



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Танзим баракати зиндагист

Танзим баракати зиндагист

Номаҳои Шумо
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ