Дар як сатр
» » Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташнишонӣ - техникӣ» дар деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара

Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташнишонӣ - техникӣ» дар деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара

11-06-2018, 00:24

Баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Маблағи умумии сохтмони бинои муассисаи мазкур 59 миллиону 186 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз бинои маъмурӣ, бинои таълимӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, китобхона, толори маҷлис бо 250 ҷой, толори варзиш, хобгоҳ бо 260 ҷой, машқгоҳи тактикӣ, майдончаҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад.Масоҳати умумии майдони иншоот 2,8 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгари сохтмони бинои нави 5-ошёнаи Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ” Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмони васлкунии рақами 2-и Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Созанда-2012" мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат шумораи муассисаҳои таълимии касбӣ афзоиш ёфта, барои донишҷӯён тамоми шароити муосири таълим фароҳам оварда мешавад.

Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ин муассисаи таълимӣ ба пудратчиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.



Шарҳи хонандагон +
sildenafil citrate 100mg einnahme
viagra without a doctor prescription
when will viagra prices come down
15 июн 2018 14:48

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар дар ду баст дар  ...

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар дар ду баст дар ...

Маориф ва илм
Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои Қасри фарҳанг дар ноҳ ...

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои Қасри фарҳанг дар ноҳ ...

Хабарҳо
Оғози сафари кори Сарвари давлат ба ноҳияи Панҷ

Оғози сафари кори Сарвари давлат ба ноҳияи Панҷ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон дар м ...

Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон дар м ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм