Дар як сатр
» » БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТ БО ГУМОНИ ТАЛАБИ ПОРА

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТ БО ГУМОНИ ТАЛАБИ ПОРА

10-06-2018, 21:08

Раиси Ҷамоати деҳоти «Яккатут»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Анвар Умарзода бо гумони даст доштан дар хариду фурӯши қитъаи замин боздошт гардидааст.

Тавре ки аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ доданд, номбурда «бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо сӯйистифода аз мақоми хизматӣ барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз заминҳои корами обии деҳаи Хуросон аз шаҳрванд "А” маротибаи аввал 5000 рубли русӣ, бори дуюм 5000 сомонӣ гирифта, иловатан боз 45000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст». Вале бори сеюм маблағи талабшуда ба ҷайби раис ворид нашуда, ӯ дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ зимни гирифтани маблағи пора дар ҷойи ҳодиса дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дастгир шудани ходими милиса

Дастгир шудани ходими милиса

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Боздошти раиси ҷамоат

Боздошти раиси ҷамоат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА