Дар як сатр
» » ВЕЛОТУРИСТОНИ ФАРОНСА БА ХАТЛОН ОМАДАНИАНД

ВЕЛОТУРИСТОНИ ФАРОНСА БА ХАТЛОН ОМАДАНИАНД

10-06-2018, 21:07

Федератсияи велотуризми Фаронса тасмим гирифтааст, ки соли 2019 марафони велосипедрониро барои сайёҳон дар қаламрави Осиёи Марказӣ баргузор намояд. Дар харитаи чорабинии мазкур сайёҳон тавассути дучарха давоми 70 рӯз тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро сайругашт намуда, дар маҷмӯъ 6000 километр роҳро тай мекунанд.

Тибқи барномаи марафони мазкур, сайёҳони дучархасавор аз шаҳрҳо ва мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон низ дидан намуда, бо урфу одат ва анъанаҳои миллии мардум шинос мегарданд.

Қобили зикр аст, ки дар Фаронса велосипедронии саёҳатӣ хеле маъмулу машҳур буда, аз ҷумла, сабқати дучархасавории «Тур де Франс» ҳамасола беҳтарин велосипедронҳои сайёраро бо ҳам оварда, дар ҷаҳон бесобиқа унвон мешавад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ

Иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ

Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Хатлон ва Фаронса: Ҳамкориҳо таҳким меёбанд

Хатлон ва Фаронса: Ҳамкориҳо таҳким меёбанд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат
Нахустин марафони дучархасаворон дар Хатлон

Нахустин марафони дучархасаворон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА