Дар як сатр
» » АМАЛИ ХАЙРИ ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТР

АМАЛИ ХАЙРИ ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТР

10-06-2018, 21:07

Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳамммадҷонови шаҳри Бохтар даромади молиявии худро аз ҳисоби намоиши намоишномаи «Тезии кор дар нӯги кор»-и А. Абдураҳмонов ба осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Панҷ ироа карданд.

Роҳбари театри мазкур, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев дар суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки чанде пеш ҳунармандони театри вилоятӣ бо намоишномаи болозикр дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Панҷ сафари ҳунарӣ доштанд. «Дар ҳамон шабу рӯзи сафари ҳунарии мо бар асари селборишу жола, баланд шудани сатҳи оби дарё ва рахна гардидани соҳилҳо, дар ҳудуди ноҳияи Панҷ теъдоди муайяни хонаҳои зист, заминҳои наздиҳавлигӣ комилан ва қисман хароб шуданд. Бинобар ин, Шӯрои бадеии театр тасмим гирифт, ки 1670 сомонӣ даромади ҳунармандон ба суратҳисоби бонкии ноҳияи Панҷ, ки барои ёрӣ ба зарардидагон аз офати табиӣ кушода шудааст, интиқол дода шавад», - афзуд А. Абдуллоев.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Намоишномаи «Рудолфио» баҳои баланд гирифт

Намоишномаи «Рудолфио» баҳои баланд гирифт

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Даромади театр – 81500 сомонӣ

Даромади театр – 81500 сомонӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА