Дар як сатр
» » ОМОДАГИҲО БА ТАҶЛИЛИ 1 ИЮН

ОМОДАГИҲО БА ТАҶЛИЛИ 1 ИЮН

10-06-2018, 21:05

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон – 1 июн – дар шаҳру навоҳии вилоят аз 24 май то 1 июн баргузории силсилаи барномаҳо, мусобиқаҳо дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои Хатича Бегова, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки вилоят, 24-30 май дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои шоҳмот, шашка, футбол, волейбол байни дастаҳои наврасон, ташкил намудани озмунҳои «Рассоми беҳтарин», «Дастони моҳир», «Ихтироъкори беҳтарин», ташкили тамошои намоишномаҳои театрӣ ва сайри осорхонаву ёдгориҳои таърихӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин озмуни истеъдодҳои наврас ҷамъбаст гардида, ба ғолибон дар маросими таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, ки 1 июн дар шаҳри Бохтар дар назар аст, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳад шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД» ДАР МУАССИСАҲОИ ТИББӢ

Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон дар маркази вилоят (аксу видео ...

Таҷлили Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон дар маркази вилоят (аксу видео ...

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Омодагӣ ба таҷлили 24-солагии истиқлолият

Омодагӣ ба таҷлили 24-солагии истиқлолият

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
6 озмун барои кӯдакони боистеъдоди Хатлон

6 озмун барои кӯдакони боистеъдоди Хатлон

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА