Дар як сатр
» » ИРОАИ КУМАКИ ПУЛӢ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ

ИРОАИ КУМАКИ ПУЛӢ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ

10-06-2018, 21:04

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасмим дорад, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба 773 нафар ятимони кулли вилоят кумакҳои молию пулӣ ироа намояд.

Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки аз шумораи умумии ятимони кулл 240 нафарашон донишҷӯянд. Ба номи ҳар яке аз ятимони кулл соли 2013 дар асоси ҳидояти Пешвои миллат дар бонкҳо суратҳисоб кушода шудааст.

Дар доираи ин ташаббус аллакай аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, ки дастгирии маъмурияти корхонаи «Моҳир-семент» ба суратҳисоби бонкии 59 нафар ятимони кулли ноболиғи ноҳия 59000 сомонӣ гузаронида шуда, инчунин ба ҳар яки онҳо ба таври нақдӣ маблағҳои муайян тақдим гардидааст.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Амалҳои инсондӯстона дар шаҳри Бохтар

Хабарҳо
748 ятими кулл дар Хатлон

748 ятими кулл дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иқдоми хайрхоҳонаи ворисони Ибни Сино

Иқдоми хайрхоҳонаи ворисони Ибни Сино

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо