Дар як сатр
» » Арзишмандӣ ва ҳуқуқи инсон

Арзишмандӣ ва ҳуқуқи инсон

10-06-2018, 21:03

Ҳуқуқу ҳимояи инсон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин масъала зиёд аст. Дар Ҷумҳу-рии Тоҷикистон даҳҳо қонуну санадҳое ба тасвиб расидаанд, ки бевосита ҳуқуқҳои инсонро ҳимоя менамояд. Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, бахусус занону кӯдакон, бо мамлакатҳои хориҷи кишвар, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ ҳамкориро зич ба роҳ монда, ҷомеаи шаҳрвандиро дар рушду нумӯи мамлакат низ ҳамқадаму ҳаммаром медонанд.

Аз ин хотир, даҳҳо ташкилотҳои байналмил-лалӣ лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии хешро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи панҷсолаи минтақавиро баҳри беҳтар намудани шаъну шарафи инсон ва ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД)дастгирӣ меёбад, амалӣ менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар амалӣ гаштани барномаи мазкур ташкилоти ҷамъиятии «Ахтари бахт» саҳми беандоза дорад. Ташкилоти мазкур аз соли 2004 инҷониб дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаъолият карда истодааст. Дар ин муддат, дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират зиёда аз 40 барномаи бо мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ алоқамандро амалӣ намуда, айни замон дар доираи барномаи «Арзишмандӣ ва ҳуқуқи инсон» фаъолият дорад. Бояд зикр намуд, ки давраи аввали лоиҳаи мазкур аз соли 2017 дар ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) оғоз гардида, ба 13 нафар муҳоҷироне, ки дар сатҳи пасти рӯзгор қарор доштанд, кумаки грантии реинтегратсионӣ расонида шуда, 10 нафар ба омӯзиши касби кафшергари барқӣ фаро гирифта шуданд.

Соли 2018 бошад, даври дуюми барнома дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар оғоз гардид. Дар доираи ин барнома аз ин ноҳияҳои мавриди ҳадаф 300 нафар муҳоҷирон ба қайд гирифта шуданд. Аз ин шумора ба 36 нафар муҳоҷирони осебпазире, ки дар сатҳи хеле пасти рӯзгор қарор доранд, кумакҳои реинтегратсионӣ расонида мешавад. Гурӯҳи мақсадноки лоиҳа, муҳоҷирони меҳнатии 17-35- сола, ки вурудашон ба Федератсияи Русия ба муддати 2,5 то 3 сол манъ гардидааст, дар оила аъзоёни имконияташон маҳдудро доранду аз бонкҳо қарздор мебошанд ва дорои малакаҳои тиҷорат ва касбро доранд, барои кумаки грантӣ интихоб карда мешаванд. Дар доираи амалигардонии лоиҳаи мазкур ба муҳоҷирон ба ғайр аз кумакҳои грантӣ омӯзонидани касбу ҳунар ва баргузории чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Чунин як мулоқоти хотирмон бо иқдоми ташкилоти «Ахтари бахт» дар Ҷамоати деҳоти «Узун»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар чорабинӣ роҳбари ташкилот Моҳиннисо Шоҳназарова ва Лоҳутӣ Шоҳназаров бобати қонунгузориҳои Федератсияи Русия доир ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд, ҷойи корро қаблан муайян намуда, бо корфармо пешакӣ шартномаи меҳнатӣ банданд. Бо шиносномаи хориҷӣ сафар намоянд, ба шахсони тасоддуфӣ, ки ваъдаи музди меҳнати баланд, пардохти роҳкиро ва ҳуҷҷатгузориҳоро медиҳанд, бовар накунанд.

Ҳамчунин, зимни ҷамъомад таъкид гардид, ки муҳоҷирони тоҷик бояд эҳтиёткор бошанд ва ба доми шахсоне, ки ба савдои одамон машғуланд, наафтанд. Яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад. Атрофи масъалаи мазкур низ дар ин мулоқот сухан ронда, таъкид намуданд, ки набояд ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шаванд. Онҳо бештар ба андӯхтани илму дониш машғул бошанд. «Аз ин мулоқоти хотирмон сокинони ҷамоат як ҷаҳон маънӣ бардоштанд», иброз дошт муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Узун»-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ Гулҷаҳон Шоҳборонова.

Тавре ки равшан гардид, қисми зиёди муҳоҷирон хоҳиши омӯхтани касбу ҳунарҳоро доранд. Дар доираи амалигардонии лоиҳаи мазкур муҳоҷирон дар курсҳои кӯтоҳмуддати муассисаи Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба омӯзиш фаро гирифта шуда, маблағи таълим ва ҳуҷҷат аз ҷониби созмони байналмилалии муҳоҷират пардохт карда мешавад. Ҳадаф аз чунин фаъолият, пеш аз ҳама, мусоидат дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии осебпазир буда, дар ин баробар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мебошад, ки ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хатар эҷод месозад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«МАҚСАД - БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАЪМИНОТИ АҲОЛӢ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ»

«МАҚСАД - БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАЪМИНОТИ АҲОЛӢ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ»

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Кумак ба муҳоҷирони бозгаштаи  бекор...

Кумак ба муҳоҷирони бозгаштаи бекор...

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Оворагии 60 муҳоҷири тоҷик

Оворагии 60 муҳоҷири тоҷик

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард

Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА