Дар як сатр
» » Пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар аст

Пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар аст

10-06-2018, 20:59

Бо фарорасии мавсими гармо дар ҳудуди вилоят ҳолатҳои сар задани бемориҳои сироятии тавассути об паҳншаванда, аз ҷумла шадиди рӯда, домана, исҳоли хунин, гепотити намуди А ба қайд гирифта мешавад.  Азбаски аксарияти аҳолии вилоят, ки асосан дар саҳро ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд, хуруҷи ин бемориҳо, дар мавсими гармо авҷ мегирад. Сабаби паҳншавии ин бемориҳо, дар навбати аввал, истифодаи оби нӯшокии безарарнашуда мебошад, ки дар навбати худ аз ҷониби аҳолии дар саргаҳи манбаи  обҳои кушод истиқоматкунанда обро ифлос менамоянд. Инчунин кӯда-кон дар ин мавсими гармо дар каналу ҷӯйҳои обашон ифлос оббозӣ мекунанд. Дар баъзе мавридҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ҳудуди муҳофизатии соҳили дарё, каналу ҷӯйҳо, ки аҳолии поёноб онро ҳамчун манбаи оби ошомиданӣ истифода менамоянд, худсарона ишғол намуда, ҳар гуна иншоот сохтаанд ва ҳолатҳои аз ҳавлии хонаҳои истиқоматӣ гузаштани каналу ҷӯйҳо низ ҷой дорад. Аз бисёр нуқтаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилоят каналу ҷӯйҳо мегузаранд, мутаассифона, солҳои охир қисми зиёди онҳо тоза карда намешавад. Солҳои қаблӣ дар қишлоқҷойҳо тариқи ҳашар ҷӯйҳо тоза карда мешуданд, вале ҳоло бошад ин анъанаи хуб аз байн рафта истодааст.

Пӯшида нест, ки аз тарафи кормандони аксари ҷамоатҳои деҳот ва раисони маҳаллаҳо дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозагии муҳити зист гузаронида намешавад. Аз ин рӯ, бисёр нуқтаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соҳили каналу ҷӯйҳо партовҳои маишӣ партофта мешавад. Инчунин ҳоҷатхона, ҳаммом ва оғилхонаҳо сохта мешаванд, ки хилофи қоидаҳои санитарию гигиенианд. Мувофиқи меъёрҳои санитарӣ иншооти зикркарадашуда дар масофаи на камтар аз 20-30 метр аз соҳили каналу ҷӯйҳо бояд сохта шаванд.

Таҳлили эпидемиологии мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоят тайи солҳои охир муайян намуданд, ки дар ҳолати аз ҷониби аҳолӣ  худсарона партофтани партовҳо, дар соҳили каналу ҷӯйҳо ва наздикии манбаъҳои обҳои кушод ҷойгир намудани ҳоҷатхонаю ҳаммом ва дигар нуқтаҳои ифлоскунандаи об боиси хуруҷи бемориҳои гуногуни сироятии шадиди рӯда мегардад.

Таҳлили бемориҳои ба воситаи обгузаранда аз рӯйи бақайдгирии беморӣ дар ҳар моҳ  нишон медиҳад, ки афзоиши беморӣ  аз моҳи май сар шуда, то моҳҳои  ноябр-декабр давом мекунад.  Сабаб дар он аст, ки бо фарорасии мавсими гармо корҳои саҳроӣ оғоз ёфта, одамон аз обҳои каналу ҷӯйҳо барои нӯшидан истифода мебаранд. Инчунин кӯдакон дар ин мавсим дар каналу ҷӯйҳои обашон ифлос оббозӣ мекунанд.

Хуб мешуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагон ва дар бошишгоҳҳои саҳроӣ кормандон бо оби ҷӯшонидашуда таъмин карда мешуданд ё худ онҳо оби ҷӯшонидашударо аз хона бо худ ба мактаб ва саҳро бурда, аз ин об истеъмол менамуданд. Ин тадбир ба ҳифзи саломатӣ мусоидат хоҳад кард. Чуноне мегӯянд: «Пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар аст».

Абдуқодир ҒАФУРОВ,

мудири шуъбаи эпидемиологии МНДСЭ-и вилояти Хатлон,

Файзиддин ХОЛМУРОДОВ, ёрдамчии табиби эпидемиологӣ         



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Об - сарчашмаи ҳаёт

Об - сарчашмаи ҳаёт

Номаҳои Шумо
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ