Дар як сатр
» » Муъминобод - қадамгоҳи бузургон

Муъминобод - қадамгоҳи бузургон

10-06-2018, 20:56

Ноҳияи Муъминобод як гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосо аст. Боду ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои кӯҳӣ, дарахтони ороишӣ ва ғайра назаррабоянд. Обҳои чашмаҳояш зулолу ҷонбахш ва неруафзоанд. Ҷангали Муъминободро дарахтони мевадиҳандаи  ангур, себ, чормағз, зардолу, олуча, олуболу, дулона, дулонаи сурх, ноку нашпотӣ ташкил медиҳанд. Гулу гиёҳҳояш бешуморанду шифобахш, муаттаранду ҷонбахш, доруву дармони ҳазорон дардҳоянду оромии ҷисму ҷон. Кӯҳистонаш дилфиреб буда, хокаш зар, сангаш гуҳар, заминаш бемуҳобо пурганҷ аст.

 

Муъминободро диёри мардхез мегӯянд. Ин хоки пок як зумра паҳлавонон, адибон, олимон, човандозону ҳунармандонро ба олами ҳастӣ овардааст. Дар як мақола номи ҳамаи онҳоро зикр кардан аз имконият берун аст.  Дар ин гӯшаи ватан мардони бузурги олам-ҳазрати Ҳасаншоҳи Хомӯш, Домулло Икром дар деҳаи Лангар, Хоҷа Алишоҳи Валӣ дар деҳаи Хоҷаалишоҳ, ҳазрати Хоҷаи Нур дар  деҳаи Хоҷаинур, Саид Ҷалолиддини Гулдаста дар маркази ноҳия, ҳазрати Хоҷаи Сабзпӯш дар деҳаи Деҳиҳаёт, Домулло Барот дар деҳаи Ғеш ва боз чанде дигарон зиндагӣ кардаву дар ҳамин ҷо ба хоби абад рафтаанд. Шоҳкории табиат «Чилдухтарон»-ро гумон аст, ки дар дигар гӯшаҳои сайёра пайдо кард.

Ноҳия дар солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ обод шуд. Кӯчаҳои асосии ноҳия чароғон шуда, дар рӯшании онҳо шабона гаштугузор кардан кайфияте дорад. Роҳе, ки шаҳри Кӯлобро ба ноҳия мепайвандад, аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Рафтуомад тариқи нақлиёти сабукрав осон аст. Роҳи маркази ноҳия ба мавзеи «Чилдухтарон» низ ҳамвор шуда, имконияти рафтуомадро хеле осон кардааст.

Дар маркази ноҳия иншооти баландошёна қомат афрохта истодаанд. Аз рӯйи адолат нест, агар мо аз бунёди осоишгоҳ-табобатгоҳи ноҳия иттилоъ надиҳем. Бунёди ин муассисаи табобатӣ-истироҳатӣ кори савоб асту садҳо ниёзмандон метавонанд ба ин ҷо омада саломатии худро барқарор намоянд. Иқлими Муъминобод, обҳои ҷонбахшаш давои чандин бемориҳост.

Ноҳия дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон ободу зебо шуда истодааст. Мардумаш осудаҳол будаву ба соҳибкорӣ, ҳунармандӣ, деҳқонӣ, чорводорӣ машғуланд. Занбӯриасалпарварӣ шуғли асосии шумораи зиёди аҳолии Муъминобод гаштааст.

Аз дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кумакҳои пайвастаи раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ноҳия обод шудаву рӯ ба тараққӣ ниҳодааст.

- Соли 2018-ро Сарвари давлатамон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кард. Ин ташаббуси наҷибу ватанхоҳона аҳолии ноҳияи моро шод гардонид. Онҳо дуруст дарк менамоянд, ки сайёҳӣ ва рушди ҳунармандӣ, аз як тараф муаррифгари ватани мо дар арсаи олам бошад, аз тарафи дигар, ба буҷаи ноҳия ҳар як ҳунарманд, ҳар як бошанда даромади хуб меорад. Гурӯҳи ҳунармандонро ба корҳои эҷодӣ ва истеҳсолӣ омода сохтем. Гумон аст, ки беҳтарин табақтарошҳо, лаҷомдӯзҳо, чакандӯзҳо, човандозон, заргарон дар Муъминобод зиндагӣ мекунанд. Табақу чумчаҳо ва кафлезҳои чӯбини Муъминобод ба дуриҳои дур рафтаву аз ҳунари нотакрори ин мардум шаҳодат медиҳанд, - мегӯяд бо ифтихор раиси ноҳия Амиршоҳзода Тоҳир Темур.

Бузургони олам ифтихори ҳамаи бошандагони сайёраанд. Дар хоки поки Тоҷикистон, алалхусус дар ноҳияи Муъминобод, шахсиятҳои машҳуру бузурге мадфунанд. Дар деҳаи Лангар марқад ва масҷиди ҳазрати Шоҳи Хомӯш побарҷост. Ҳам марқад ва ҳам масҷиди бузургвор таъмирталаб буда, гирду атрофашон ба ободкорӣ ниёз дорад. Масҷиди ҳазрати бузургвор аз замони дар қайди ҳаёт будани худаш, дар хизмат намозгузорони деҳоти гирду атроф қарор дорад. Масҷид дар ин муддат чандин бор тармиму таъмир карда шудааст. Он бори охир соли 2016 тармим карда шуд.

Мехоҳам ба кулли аҳолии ноҳия бирасонам, ки анқариб дар ҳар як деҳа, маҳалли аҳолинишин мазоре, қадамгоҳе, ёдгории таърихие аз бузургон вуҷуд дорад. Сокинони ин маҳалро лозим аст, ки тариқи ҳашар, маблағҳои дастаҷамъӣ онҳоро обод бисозанд, гирду атрофашонро тозаю озода бикунанд. Куҳансолон, алалхусус шахсиятҳои босавод дар бораи ин бузургон маълумот ва ривоятеро ҷамъ биёранд. Зоирону сайёҳонро аз таъриху дараҷоти бузургии онҳо иттилоъ бидиҳанд. Муъминобод диёри кӯҳистон аст. Дар доираи қонуниятҳои ҷории давлатӣ метавон дар кӯҳистони Муъминобод амали сайёҳӣ-сайёдиро ривоҷ дод. Ин амал низ аз фоида орӣ набуда, ба буҷаи ноҳия даромаде хоҳад овард.      Оид ба рустаниҳои шифобахшаш каталог тартиб дода, тарз, усул ва вақти ҷамъоварии ин рустаниҳоро илман муайян бисозанд.

Беҳтарин суханро дар боби ватандӯстӣ пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтааст: «Ватандӯстӣ аз имондорӣ аст». Бикӯшем, ҳама сар ба сар ватандӯст бошем.

 

Абдуллоҳ Бобоев



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вусъати умури бунёдкорӣ дар Муъминобод

Хабарҳо
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Қалъаи Муъминобод, асрҳои X-XII

Қалъаи Муъминобод, асрҳои X-XII

Хабарҳо, Туризм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА